СПИД дар як сол ҷони 247 сокини Қирғизистонро рабуд
Соли гузашта дар Қирғизистон аз норасоии масунияти бадан ё Вич-СПИД 247 нафар ба ҳалокат расидааст.
Тавре расонаҳои хабарӣ аз қавли манобеи расмии Қирғизистон иттилоъ медиҳанд, дар ин кишвар 4 ҳазору 611 гирифтори вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) дар соли ҷорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин нишондод 4 ҳазору 413 нафарашон шаҳрвандони Қирғизистон ва 198 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Анна Чернушева, раҳбари гурӯҳи идораи сармояҳои Бунёди чаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа дар Қирғизистон, аз афзоиши шумораи нафарони мубтало ба бемории норасоии масунияти одам ё ба истилоҳ Вич-СПИД ибрози нигаронӣ намуда, гуфт, ҳамасола дар ин кишвар шумораи шахсони гирифтор ба ин навъи беморӣ 600 нафар зиёд мешавад.
Ба гуфтаи Анна Чернушева, ин раванд бештар миёни муътодони маводи мухаддир ба чашм мерасад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |