“Таҳқиқи холисонаи латту кӯби М.Ҳайит бисёр муҳим аст”
Иттиҳоди Аврупо баррасии мӯшикофонаи қазияи латту кӯби Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломиро, дар остонаи интихоботи президентӣ бисёр муҳим донистааст.
Муҳаммадалии Ҳайит рӯзи 19-уми апрели соли ҷорӣ дар наздикии хонааш аз сӯи афроди ношинос мавриди латту кӯб қарор гирифт. Дар робита Вазорати умури дохилии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишот ҳанӯз ба поён нарасидааст.
Иттиҳоди Аврупо бо нашри изҳороте ба ҳукумати Тоҷикистон гӯшзад кардааст, ки “Ҳайит намояндаи ҳизби умдаи мухолиф буда, тафтишоти дақиқи он барои баргузории интихоботи боэътимод хеле муҳим аст”.
Гуфта мешавад, ин изҳорот бо ризоияти сарони сафоратҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе омода шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |