Дар паи афзоиш ёфтани бекорӣ дар Амрико дар моҳи июн қимати ҷаҳонии нефт дар ҳар барел 79 сент коҳиш ёфт.
Имрўз дар биржаи Лондон ҳар бушкаи нефт барои таҳвил дар моҳи август 117,5 доллар қимат дошт.
Тибқи эъломи расонаҳои хабарӣ сатҳи бекорӣ дар Амрико ба беш аз 9,2 дар сад боло рафта ва ин болотарин ҳад дар соли 2011 мебошад.
Дар ҳамин ҳол, натиҷаи назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки коршиносони соҳаи энержӣ ба поин рафтани қимати нефт таи ҳафтаи ҷорӣ таъкид доранд. Ба гуфтаи онҳо боло рафтани мизони бекорӣ дар Амрико боиси кам шудани тақозо барои хариди нефт гаштааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр