Интизориҳои Қоимдодов аз сафари Андрус Ансип ба Душанбе
Андрус Ансип, нахуствазири Эстония, имрӯз, 6-уми май, бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуда, то 8-уми май дар Тоҷикистон қарор хоҳад дошт.
Ба иттилои мақомот, дар доираи сафари Андрус Ансип мулоқоти ӯ бо ҳамтои тоҷикаш Оқил Оқилов, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва масъулини дигар дар назар аст. Дар ин сафар нахуствазири Эстонияро тоҷирони ин кишвар ҳамроҳӣ мекунанд ва анҷумани соҳибкорони ду кишвар низ дар назар гирифта шудааст.
Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Эстония, дар остонаи сафари Андрус Ансип бо “Ховар” мусоҳиба анҷом дода, изҳори умед намудааст, ки ин сафари серӯзаи Ансип ба муносибатҳои ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид: “Тиҷорат дар рушди муносибатҳои байнидавлатӣ мақоми хосса дорад. Тавре ки зикр гардид, ҳарду ҷониб ҳам алоқаманди густариши ҳамкориҳои судманд мебошанд ва ин рағбат дар нишондодҳои солҳои охир равшан ба чашм мерасад. Гардиши мол миёни Тоҷикистону Эстонии дар соли 2010 ҳамагӣ 1,82 млн доллари ШМА-ро ташкил мекард ва соли 2012 ин нишондод ба 9,64 млн доллар расид, ки аз он содироти моли Тоҷикистон баробар ба 4,7 млн доллар аст. Албатта, миқёсан ин ҳаҷми калон нест, вале афзоиши он нишондиҳандаи мусбат мебошад. Агар ин тамоюл ҳамин тавр идома ёбад, дар солҳои наздик нишондиҳандаҳои назаррас хоҳем дошт.”
Ба иттилои Қоимдодов, Тоҷикистон аз Эстония асосан маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти резинӣ, қоғазу картон, маҳсулоти гуногуни кимиёвӣ, пластмасӣ, фулузи сиёҳ, воситаҳои нақлиёт ва дигар молҳоро харидорӣ намуда, дар навбати худ ба ин кишвар меваи хушк ва дигар маҳсулоти худро интиқол медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |