Мулоқоти Раҳмон бо ҷавонон дар соли интихоботи президентӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 20-уми майи соли ҷорӣ бо ҷавонони фаъоли кишвар мулоқот анҷом хоҳад дод. Ин хабарро Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, рӯзи 4-уми май дар Анҷумани шашуми ҷумҳуриявии созмонҳои ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе эълон дошт.
Ин дидору мулоқоти оқои Раҳмон дар остонаи таҷлил аз рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ҳамагӣ панҷ моҳ қабл аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳур баргузор мешавад. То кунун танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ эълон доштааст, ки бо номзади худ дар интихобот ширкат меҷӯяд ва он ҳам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Маликшоҳ Неъматов, ки дар Анҷумани шашуми созмонҳои ҷавонон сӯҳбат мекард, гуфт, ҳафтод дарсад аз ҳашт миллион сокини Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳоро “нерӯи пешбарандаи ҷомеа” хонд. Оқои Неъматов дар идома бо тавсиф аз вазъи кунунии Тоҷикистон аз ҷавонон хост, шукргузорӣ карда, барои пешрафти кишвар талоши бештаре ба харҷ диҳанд.
Ӯ аз он норизоӣ кард, ки ба гуфтаи худаш баъзеҳо шукргузорӣ ё шукронаи онҳоро дар “нохунак” мегиранд.
Аз соли 2003 то кунун 5 Анҷумани созмонҳои иҷтимоии ҷавонон доир шудааст, ки мушкилоти ҷавононро матраҳ ва роҳҳои рафъи онро баррасӣ кардааст. Ин анҷуман ҳамасола як бор баргузор мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |