Оғози тамринҳои низомӣ дар Бадахшон ва нигаронии сокинони Хоруғ
Шурӯъ аз имрӯз, 4-уми май, дар вилояти Бадахшон тамринҳои низомӣ бо номи "Муҳофизат-2013" оғоз шуд. Қарор аст, ин машқҳо, ки бо ширкати зербахшҳои низомии гарнизони ҳарбии Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ (ВМКБ) гузаронда мешавад, то 19-уми май идома кунад.
Тамринҳо дар се марҳила гузаронда мешаванд ва дар он аз навъҳои мухталифи аслиҳаи оташфишон, чархболҳо, нақлиёти зиреҳпӯш ва тӯпхонаҳо истифода мегардад. Баланд бардоштани сатҳи қобилияти ҷангии гарнизони ҳарбии ВМКБ ва амали нерӯҳои қудратӣ дар сурати таҳдидҳои эҳтимолӣ аз аҳдоофи аслии баргузории ин машқҳо гуфта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки сокинони маҳаллӣ мегӯянд, шоҳиди ҳузури низомиёни бештар мешаванд. Бино ба қавли яке аз сокинони Хоруғ, маркази Бадахшон, чанд рӯз қабл аз Душанбе тариқи роҳи Кӯлоб ба Хоруғ бармегашт ва пешопеши онҳо чор мусофирбари ҳомили низомиён ҳаракат мекард.
“Ду мусофиркаш пештар ба роҳ баромад. Аммо дутои дигар дар ноҳияи Шӯрообод дармонд, зеро роҳро об хароб карда буд. Ронандаи яке аз онҳо хост, аз дарё гузарад, аммо дармонд. Сарбозон саросема аз он берун шуданд ва даруни оби лой дармонданд. Чанде аз онҳо силоҳи худро дар об гум карданд. Ман баъдтар аз ронанда фаҳмидам, ки онҳо чанд соат зери оби лой силоҳ кофтаанд”,-гуфтааст як сокини Хоруғ дар сӯҳбат ба бахши русии «Озодагон».
Сокинони маркази Бадахшон гуфтаанд, аз такрори ҳодисаҳои тобистони соли сипаришуда сахт нигаронанд. Баъд дар куштори генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшон дар тобистони соли гузашта ҳукумат дар шаҳри Хоруғ амалиёти низомиеро роҳандозӣ кард, ки дар натиҷа даҳҳо нафар, аз ҷумла сокинони одӣ ҳалок шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |