Манзили истиқоматии як сокини шаҳри Хуҷанд мавриди ғоратгарии дуздон қарор гирифт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, шахсони номаълум вориди хонаи Бисалима Раҷабова, истиқоматкунандаи маҳаллаи-12, хонаи 11, ҳуҷраи 98 гардида, аз он ҷо 6.800 доллари ИМА, 10.000 сомонӣ, 1-адад гарданбанди тиллоии арзишаш 400 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Манбаъ афзуд, барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон чораҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Ҳамчунин, ба ҳамин ҳодиса монанд дар ноҳияи Тавилдара аз моҳи сентябри соли 2010 то моҳи июни соли равон шахсони номаълум мунтазам бо тариқи интихоби калид, вориди мағозаи шаҳрванд Давлатхоҷа Ризвонов мешаванд. Аз он ҷо ашёҳои рӯзгорро ҷамъ ба маблағи 6500 сомонӣ ба яғмо бурданд. Аснои баргузории амалиёти вижаи кормандони милиса, ноболиғ Меҳроҷиддин Расоеви 17- сола ва Сабзалӣ Шарипов, сокинони ҷамоати Чилдара, деҳаи Ғурқ дастгир карда шуданд. {jathumbnail off}
Мӯҳр