Бо гузашти даҳ рӯз Наҳзат.Тҷ ҳамоно дастнорас аст
Nahzat.tj, cайти расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо гузашти даҳ рӯз ҳанӯз ҳам дастнорас боқӣ мондааст.
Муҳибуллоҳи Қурбон, сардабири торнамои расмии ҲНИТ, ба “Озодагон” гуфт, дастрасӣ ба Nahzat.tj аз рӯзи 25-уми апрели соли ҷорӣ қатъ гардида, дигарбора фаъол нашудааст.
Ба қавли ӯ, сабаби аслии баста шудани Nahzat.tj ҷашни 40-солагии ҲНИТ будааст. Зеро ба гуфтаи Муҳибуллоҳи Қурбон, “мо аз нимаи дуюми моҳи апрел эълони ҷашн гирифтани 40-солагии ҲНИТ-ро шуруъ кардем ва алабатта, ин ҷо ҳастанд нафароне, ки ин чиз писанди эшон набуд ва намехоҳанд, ки сомонаи мо хидмате барои мардуми кишвараш намояд. Аз ин рӯ, хостанд бо ин услуб монеи мо шаванд.”
Сармуҳаррири торнамои расмии ҲНИТ мегӯяд, борҳо ба муассиса ва ширкатҳои зирабт муроҷиат карда, вале посух нагирифтаанд. “Онҳо танҳо мегӯянд, ба Шумо ҷавоб хоҳем дод”,-мегӯяд Муҳибуллоҳи Қурбон.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |