Талоши хабарнигорони “Озодагон” барои боздид аз қуллаи “Коммунизм” (Видео)
Хабарнигорони “Озодагон” талош намуданд, то бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ба қуллаи “Коммунизм” дар Ала-Арчаи Қирғизистон бароянд.
Ба қавли Мирлан Киизбаев, яке аз ин хабарнигорон, онҳо дурбини худро ба даст гирифта, хостаанд қисмати аввали саёҳати худро аз макони дӯстдоштаи ҷавонон «Боғи ошиқон» оғоз намоянд. “Мутаассифона, дарҳои онро баста ёфтем. Ба ин нигоҳ накарда, мо саёҳати худро идома додем ва ба самти “Манас айили” равон шудем. Бо харидорӣ намудани чипта умедвор будем, он чӣ ба қаҳрамононии Манас алоқамандӣ дорад, дар ин ҷо хоҳем дид”,-нақл мекунад Киизбаев.
Вале ба гуфтаи ӯ, деворҳои рангпаридаи бино ва сабзазори харобгашта онҳоро на он қадар муассир гардонд. “Мутаассифона, инҷо низ дари Юртҳо баста буданд ва мо маҷбур шудем, зери офтоби тафсон сайр намоем. Чизе, ки бисёр таассуфовар буд, ин табдил ёфтани як макони маъруфу машҳур ба як харобазор буд, зеро хеле таъмирталаб шудааст”,-мегӯяд ӯ.
Қисмати дуюми саёҳати хабарнигорони “Озодагон” аз боғи миллии “Ала-Арча” шуруъ гардидааст. Мирлан Киизбаев мегӯяд, “барои вориди шудан ба ин боғ моро лозим омад, барои мошин 250 сом (25 сом) ва сари ҳар нафаре 80 сом (8 сомонӣ) пардохт кунем. Вале ҳанӯз аз наздикии дарвоза дур нашуда, уқоберо дидем, ки хеле поин парвоз менамуд. Чизе, ки моро ҳайратзада намуд, ин буд, ки як паррандаи мағрур то ин ҳад ба одамон наздик парвоз менамояд. Парвози онро бо дурбини худ ба навор гирифта, роҳи худро идома додем. Ҳар қадаре, ки дарун мерафтем, ҳамон қадар бо зебоии манзараҳои инҷо ошно мешудем. Чун ба шарашараи наздикии қуллаи “Коммунизм” омадем, маҷбур шудем боқии роҳро то он пиёда тай кунем.”
Ба хотири он ки маводи ғизоии кофӣ ва либосҳои гарм надоштанд, хабарнигорон аз баромадан ба болои қулла худдорӣ карданд, вале лаҳзаҳои хуберо дар он ҷо ба навор гирифтаанд, ки базудӣ бароятон дар навори видео манзур хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |