Тоҷикистон 9-уми майро бе паради ҳарбӣ таҷлил мекунад
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, имсол рӯзи нуҳуми май, яъне рӯзи ғалаба бе паради ҳарбӣ таҷлил хоҳад шуд.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи ин вазорат, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “роҳбарият ҳамин гуна қарор қабул намудаанд, ки имсол парад баргузор нашавад”. Ба қавли ӯ, танҳо маросими гулгузорӣ баргузор хоҳад шуд.
Оқои Маҳмадалиев афзуд, маросими гулчанбаргузорӣ рӯзи 9-уми май дар боғи “Ғалаба”-и пойтахӣ бо ҳузури ҳайатҳои роҳбариву фармондиҳии дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ, гурӯҳи донишҷӯёни муассисаҳои таълимии низомӣ, намояндагони парлумон ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мегардад.
Манбаъ илова намуд, дар назар аст, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев низ дар маросими гулчанбаргузорӣ ширкат кунанд. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба бо баргузории паради ҳарбӣ таҷлил мешуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |