Як ҳавопаймои амрикоӣ дар фазои Қирғизистон оташ гирифту ба замин уфтод
Як ҳавопаймои амрикоӣ дар наздикии манотиқи марзии Қирғизистону Қазоқистон дар осмон оташ гирифта, ба замин уфтодааст.
Расонаҳои хабарӣ аз қавли шоҳидони ҳодиса иттилоъ додаанд, ки ин ҳавопаймо дар вилояти Чуйи Қирғизистон, дар марзи ин кишвар бо Қазоқистон оташ гирифта, баъд аз ба се қисмат ҷудо шудан ба замин ғалтидааст.
Ба гуфтаи кормандони шуъбаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон дар ноҳияи Аламадун, ин ҳодиса имрӯз, 3-уми май, тақрибан соати 14:55 рух дода, талофоти ҷонӣ ва ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Манбаъ мегӯяд, ин ҳавопаймои навъи KC-135 Stratotanker марбут ба пойгоҳи низомии Амрико ба ҳисоб рафта, машғул ба таъмин намудани ҳавопаймоҳои дигар бо сӯзишворӣ дар Афғонистон будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |