Дар як соли ахир дар Душанбе 23 собиқадори ҶБВ даргузаштаанд
Шӯрои ветеранҳои шаҳри Душанбе мегӯяд, вақтҳои охир кӯмак ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) коҳиш ёфтааст.
Алиризо Раҳмонқулов, як масъули Шӯрои мазкур рӯзи 3-юми май дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, аз Иди Ғалабаи соли гузашта то ҳоло дар Душанбе 23 собиқадори ҷанг ҷаҳонро падруд гуфтаанд ва айни ҳол дар пойтахти кишвар ҳамагӣ 141 собиқадори ҶБВ мондааст.
Ин мусоҳибамон илова намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар аксар баромаду пайёмҳояш даъват мекунад, ки ба иштирокчиёни ҶБВ кӯмак расонед, аммо теъдоди хайрхоҳон ва корҳои хайр дар ҳаққи ветеранҳо рӯй ба коҳиш ниҳодааст.
Дар ҳамин ҳол 9-уми май, дар Тоҷикистон, чун дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ, Рӯзи ғалаба аз болои Германияи фашистӣ ҷашн гирифта мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |