Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Пешниҳоди лағви моддаи 330 аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон
Ҷунайд Ибодов, ҳуқуқшиноси тоҷик, имрӯз, 3-юми май зимни конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Вазъи имрӯза ва дурнамои озодии ВАО дар Тоҷикистон», барои беҳбуди шароити кори рӯзноманигрон пешниҳод кард, ки моддаи 330 аз Кодекси ҷиноӣ бардошта шавад.
Ибодов афзуд, ки ҷомеаи журналистӣ аз бардоштани моддаҳои 135-у 136 дар бораи таҳқиру туҳмат аз Кодекси ҷиноӣ истиқбол кард, вале моддаи 330, ки нисбатан мушкилзо аст, боқӣ мондааст. Ба гуфтаи ӯ ин моддаҳо ба мақомоту мансабдорон имкон медиҳад, рӯзноманигоронро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд: “Тибқи ин модда таҳқири амалдорон дар ВАО ҷиноят аст.”
Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Ибодов шаҳрвандони қаторӣ барои таҳқир дар ВАО наметавонанд шикояти ҷиноӣ баранд, мансабдорон ҳоло ҳам аз ин имкон бархӯрдоранд ва ин як намуд, тафриқаандозӣ ва сензура аст.
Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Вазъи имрӯза ва дурнамои озодии ВАО дар Тоҷикистон» дар Кохи Ваҳдат идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |