Гулнора Каримова ба дашному ҳақорат гузаштааст
Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон ва намояндаи расмии ин кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид дар суолуҷавоб бо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба дашному ҳақорат гузаштааст.
Хонум Каримова рӯзи 1-уми май дар посух ба суоли истифодабарандагони шабакаи Твиттер дар мавриди ҳаводиси Андиҷон ва дучархасаворони шаҳри Тошканд дашном додааст.
Оlik_turk, яке аз истифодабарандагони шабакаи Твитер, ки хеле боадабона исрор дошт, то ба суоли худ дар мавриди ҳаводиси Андиҷон ва дучархасаворон аз даҳони худи духтари расисиҷумҳури ин кишвар посух бигирад, аз Гулнора Каримова ҷавоб гирифтааст, ки «шояд бас будагист…….».
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар худи ҳамин шабака, хонум Каримова дар посух ба пешниҳоди Эндрю Штройляйн, мудири кулли расонаҳои созмони Дидбони ҳуқуқи башар низ аз услуби боло кор гирифтааст.
Эндрю Штройляйн ба духтари раисиҷумҳури Узбакистон пешниҳод намудааст, то дар арафаи 8-солагии қатли омми Андиҷон бо шоҳидони зиндаи ин ҳодиса, Ҳалимой Бухорбоева, рӯзноманигор ва сармуҳаррири Uznews.net суҳбат намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |