БАҲС: Кодекси нави андоз ба маблағи таҳсили донишҷӯён 135$ зам кардааст
Бо шуруъи 4-умин соли таҳсили донишҷуёни шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатӣ тиҷоратии Тоҷикистон (ДДТТ) ихтисоси 0615, маблағи таҳсили онон, ки аз курси якум 650 доллар буд, ба 785 доллар афзоиш ёфт. Вақте сабаби онро аз масъулини донишгоҳ пурсон шудем, дар ҷавоб гуфтанд, ки ин аз талаботи Кодекси нави андоз аст, ки 18 фоиз андоз аз арзиши иловашуда ҷорӣ кардаанд.
Донишҷуёнро байни чор дарё тахтабанд накунед!
Албатта, ин танҳо хоси ихтисоси 0615 нест, балки дигар ихтисосҳоро низ фаро мегирад ва дигар ихтисосҳои ин шӯъба низ маҷбуранд, то андоз аз арзиши иловашударо бисупоранд, ки на ҳамаашон чунин имкониятеро доро мебошанд.
Дар муқобили гиламандии донишҷуён масъулини донишгоҳ гуфтаанд, ки пас аз тасвиби кодекси нави андоз, ки 18 фоиз андоз аз арзиши иловашда болои донишгоҳ ҷорӣ шудааст, дар мактубҳое ба дастгоҳи иҷроияи президент, вазорати молия ва дигар сохторҳои давлатӣ аз онҳо дархост намудаанд, ки дар ин тасмим таҷдиди назар шавад. Аммо посухи ин ниҳодҳо чандон барои ДДТТ қонеъкунанда набудааст. Аз ин рӯ, роҳи дигаре ҷуз пардохти ин маблағ аз тарафи донишҷуён боқӣ намонда аст.
Ба қавли онҳо, тибқи кодекси нави андоз донишгоҳҳои давлатие, ки аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузорӣ мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда озоданд. Аммо он донишгоҳҳои давлатие, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ намешаванд, бояд 18 фоиз андоз аз арзиши иловашуда бипардозанд. Баъзе муалимон гуфтанд, ки шояд мақомоти андоз ба донишгоҳ омада 18 фоиз андоз аз арзиши иловашударо камтар кунанд, аммо декани шӯъбаи ғоибона ин суханонро пучу беҳуда ва беасос хонд.
Дар ҳамин ҳол Рустам Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар банди 169 қисми 2-ум кодекси андоз пешбинӣ шуда, ки барои муассисаҳои ғайридавлатӣ ингуна андозбандӣ бо андоз аз арзиши иловашуда пешбинӣ мешавад. "Муассисаҳои давлатие, ки хизматрасонӣ мекунанд бояд аз 5 то 10 фоиз даромади аз ҳисоби хизматрасонӣ мекардаашонро супоранд".
Аммо Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик, аз донишҷуён андоз ситониданро нодуруст дониста мегӯяд, ки тибқи кодекси нави андоз андоз на аз донишҷӯ, балки аз донишгоҳ бояд ситонида шавад, донишгоҳе, ки маблағи пулӣ ҷамъ мекунад. Ба қавли номбурда ҳангоми қабули қонуни нав, ки вазъи шаҳрвандро вазнин мекунад, он набояд татбиқ гардад. Тибқи он тартибе, ки Кодекси граждании ҶТ пешбинӣ намудааст, шартнома аз рӯзи ба имзо расиданаш бо шахсони зикргардида басташуда эътироф мешавад ва ба он илова намудани тағйиру иловаҳо танҳо бо розигии ҷонибҳо имкон дорад. Файзинисо Воҳидова мегӯяд, агар донишҷу майл дошта бошад, ки ба шартнома тағйир ворид шавад, ин ҳаққи ҳалоли ӯст. Донишҷӯ метавонад талаб намояд, ки аз рӯзи баста шудани шартнома, шартнома эътибори қонунӣ гирифта ва ихтиёран ӯ намехоҳад ба он тағйиру иловаҳо ворид гардад, зеро ин кор вазъи молиявӣ ва ҳуқуқии ӯро вазнин мегардонад.
"То қабули кодекси нави андоз он шартномаҳое, ки баста шудаанд, набояд ба он шартномаҳо кодекси нав таҳмил гардад ва дахл дошта бошад. Дар сурати талаб намудани мақомоти андоз алакай ӯҳдадорӣ ба зимаи худи муассисаи таълимӣ гузошта мешавад. Муасссисаи таълимӣ фонд барои ҳолатҳои фавқулода дорад. Бинобарин имрӯз донишҷуён ягон дирам пардохт набояд кунанд", гуфт Файзинисо Воҳидова.
Ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос танҳо дар ҳолати ба итмом расидани шартномаи басташуда донишгоҳ метавонад шартномаи нав баста онро бо тартибе, ки имрӯз кодекси нави андоз пешбинӣ намудааст, тартиб диҳад. Баинобарин аз донишҷуён талаб намудани супоридани фарқияти маблағи андоз аз тарафи донишгоҳ мутлақо ғайриқонунӣ мебошад, илова намуд Файзинисо Воҳидова.
Маҳмудхон Шоев, сухангӯи вазорати маорифи Тоҷикистон, ин гуфтаҳоро тақвият бахшида, мегӯяд дар ҳолате, ки як тараф розигӣ надиҳаду имзо намонад он шартнома ҳолати қонунӣ надорад. Дар ҳолати мухолифати байни муқаррароти кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ бо мақсади андозбандӣ муқаррароти кодекси мазкур истифода бурда мешаванд.
"Яъне агар дар шартнома ҳам ин масъала татбиқ нагардидааст, донишгоҳ андоз месупорад. Дар қонуни ҶТ дар бораи маориф муассисоти таҳсилоти олии касбиро ҳамчун ғайритиҷоратӣ зикр намудааст. Вазорати маориф чандин маротиба бо мактуб муроҷиат кардааст” - изҳор дошт Маҳмудхон Шоев.
Аммо дар мавриди фонди захиравии донишгоҳ яке аз кормандони шӯъбаи ҳисобдорӣ дар сӯҳбат бо нигоранда гуфт, ки ДДТТ фонди захиравӣ дорад, аммо он танҳо барои ҳолатҳои зарурӣ мисли таъмири сақф мебошад. Номбурда дар идома гуфт, ки фонди захиравии донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои пардохтии донишҷуён пур мешавад. Пули шартномаи донишҷуён гирифта мешавад ва 18 фоиз андоз аз арзиши иловашудаи онро донишгоҳ ба мақомоти андоз пардохт менамояд.
Охир
Вақте порсол дар нишасти Вазорати молияи кишвар будам, ба ҷаноби вазир Сафаралӣ Наҷмиддинов савол додам, ки чаро қарзи хориҷии Тоҷикистонро сарфи соҳаҳои иҷтимоӣ мекунед бо вуҷуди онки ин соҳаҳо иқтисодӣ ва даромадзо нестанд? Ҷаноби вазир дар посух гуфт, ки соҳаи маориф ҳаёту момот ва ояндаи миллат аст. Албатта раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳам борҳо ин соҳаро ояндаи мамлакат хондаанд. Дар ҳақиқат ҳам ояндаи дурахшони кишвар аз кадрҳое вобастааст, ки ин соҳа тарбия мекунад. Пас бояд беҳтарин шароит барои ин соҳа фароҳам шавад минҷумла таҳсили буҷавӣ, ройгон ва дигар имконоте, ки донишҷуён воқеан эҳсос намоянд, ки имконоти аввалия ва зарурии таҳсил барояшон фароҳам аст. Вале акнун мебинем, ки ба ҷои дастгирии донишҷуён баръакс як бори сангини дигареро мавсум ба 18 фоиз андоз аз арзиши иловашуда болояшон бор кардаанд.
Қароре ки вазъияти маишии донишҷуёнро ба инобат нагирифта онҳоро дар чунин вазъияти душвор қарор медиҳад, беҳтар аст ислоҳ гардад. Чун ин як навъ беадолатӣ ва беинсофӣ дар ҳаққи донишҷуён аст. Гузашта аз ин Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда адолати иҷтимоӣ яке сиёсатҳои аввалиндараҷаи кишвар мебошад. Аммо бо ин вуҷуд мебинем, ки кодекси нави андоз ба устухоне дар гулӯи донишҷуён табдил шудааст.
Ҷаҳонгир Раҷабов
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |