Аксҳо: Таҷлил аз Рӯзи байналмилалии озодии матбуот дар Тоҷикистон
Имрӯз, 3-юми май, дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии озодии матбуот ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат имрӯз бо ташаббуси ВАО конфронси ҷумҳуриявӣ зери унвони «Вазъи имрӯза ва дурнамои озодии ВАО дар Тоҷикистон» дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Тавре Қироншоҳ Шарифзода, Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, дар конфронс мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла баррасии вазъи кунунӣ ва муаммоҳои риояи «Меъёрҳои ахлоқи касбии журналистӣ дар Тоҷикистон», мушкилоти гузариш ба пахши рақамии телевизион дар Тоҷикистон, проблемаҳои қонунгузорӣ ва қазияҳои судии ВАО- и мустақил, ва ҳамчунин доир ба праблемаи андозбандии ВАО, ва ҳамчунин масъалаҳои ҳуқукии ВАО дар маъракаи интихоботҳо мавриди барасӣ қарор мегирад.
Зимни баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ супоридани Ҷоизаҳои Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон «Дастрастарин вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ»; Ҷоизаи Медиа- Алянси Тоҷикистон ба номи Отахон Латифӣ ва Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев, Ҷоизаи Маркази тадқиқоти журналистӣ ба номи Пайванди Гулмуродзода ва Ҷумъабой Толибов ; ҷоизаҳои Ташкилотии Ҷаъмиятии «ИНДЕМ», Ҷоизаи Бунёди Муҳиддин Олимпур «Бинишвар» (барои суратҳои беҳтарин дар 3 бахш) , Ҷоизаи радиои «Ватан» барои озмуни варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |