“Бобак Занҷонӣ дигар муассиси «Kont Investment Bank»-и Тоҷикистон нест”
Файзулло Солеҳов, раҳбари намояндагии «Kont Investment Bank» дар Тоҷикистон мегӯяд, таҳримҳои эълонкардаи Вазорати молияи Амрико ба фаъолияти ин бонк дар Тоҷикистон таъсире нахоҳад дошт.
Солеҳов рӯзи 2-юми май дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, аз таҳримҳои Амрико нисбати шаш ширкат, аз ҷумла «Kont Investment Bank», мақараш дар Душанбе огоҳ аст: “Ин таҳримҳо ба он далел сурат гирифтаанд, ки гӯиё муассиси «Kont Investment Bank», шаҳрванди Эрон, Муртазо Бобаки Занҷонӣ аст. Аммо Муртазо Бобаки Занҷонӣ собиқ муасиси «Kont Investment Bank» аст ва 22-юми январ иваз шуда буд. Аз 22 январи соли равон ин ҷониб муассиси “Kont Investment” Мервей Юнакоф, шаҳрванди Туркия, мебошад.”
Файзулло Солеҳов изҳори умед кард, ки нофаҳмие, ки боиси таҳримбандии бонк аз ҷониби Амрико шудааст, ояндаи наздик аз ҷониби муассиси нав ҳал хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи якуми май ба Вазорати молияи кишвараш дастур додааст, ки сармояҳои «Kont Investment Bank» мақараш дар Душанбе ва ширкатҳои дигаре, ки метавонанд ба густариши силоҳи қатли ом рабт дошта бошанд, аз гардиш боздошта шавад.
Аммо Солеҳов рабт додани маблағҳои «Kont Investment Bank»-ро ба густариши силоҳи ҳастаӣ дур аз мантиқ унвон карда, таъкид намуд, ки “ин бонк дар Тоҷикистон бо мақсади густариши низоми молияи кишвар таъсис ёфтааст ва ин ягона самти фаъолияти ин бонк аст.”
Бо вуҷуд Вазорати молияи Амрико нисбати Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ карда, ӯро дар “пулшӯӣ”, яъне қонунӣ гардондани маблағҳое, ки аз фурӯши нафти Эрон ба даст меоянд, муттаҳам кардааст. Дар рӯйхати ширкатҳои Занҷонӣ, ки мавриди таҳрими Амрико қарор гирифтааст, аз ҷумла “Kont Investment Bank”, қароргоҳаш дар Душанбе зикр шудааст. Гуфта мешавад, ин бонк сад дарсади саҳмияҳои «Asian Express Airline»-ро дар ихтиёр дорад, ки соҳиби автовокзали нави Душанбест.
Аммо раҳбари намояндагии «Kont Investment Bank» дар Тоҷикистон бо такя ба қонунгузории кишвар мегӯяд, бонк ба ғайр аз фаъолияти молиявӣ ҳаққи кор дар бахшҳои дигарро надорад ва соҳиби “Осиё Экспресс” будани ин бонкро рад кард.
Дар ҳамин ҳол парлумони Тоҷикистон ахиран бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷа барои соли 2013 ширкати “Контгруп Тоҷикистон”-ро, ки зери тамғаи “Осиё Экспрес” фаъолият мекунад, аз пардохти 7 миллион сомонӣ озод кард. Қаблан ҳам парлумон ба ин ширкат сабукиҳоро ироа намуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |