Бахшҳо

Ҷоми AFC-2013: “Равшан” ва “Регар-ТадАЗ” дар нимароҳ монданд

Ин ду даста, ки дар Тоҷикистон овозадор буданд ва яке аз сермухлистаринҳо ба шумор мерафтанд, дар мусобиқаи гуруҳии Ҷоми AFC-2013 ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ наёфтанд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки дар бозиҳои гуруҳии Ҷоми AFC-2013, дар гуруҳи “А” қувваозмоӣ мекард, бозии охиронашро рӯзи 1-уми май бо тими “Ал Риффа” дар сафар мусовӣ 1:1 анҷом дод.

Футболбозони дастаи "Регар-ТадАЗ" аввалин бозии даври гуруҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” дар меҳмонӣ бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буданд ва дар чор бозии дигар шикаст хурдаанд. Онҳо дар 6 бозӣ 5 гол ба дарвозаи ҳарифон ворид намуда, 16 гол хӯрдаанд.

Пас аз анҷоми бозиҳои гуруҳӣ аз гуруҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 12 имтиёз ҷойи аввалро соҳиб шуда ва ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифт . “Ал-Риффа” ва “Сафо” бо 10 имтиёзи мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор гирифтанд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 2 имтиёз охирин ҷой гирифт.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013, дар гурӯҳи “D” бозӣ мекард дар бозии охиронаш аз “Ал Шорта”-и Сурия бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд. Дастаи “Равшан” дар панҷ бозии қаблияш дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 шикаст хурдааст. Футболбозони дастаи “Равшан” дар шаш бозӣ ба дарвозаи ҳарифонашон ду тӯб ворид намудаанд ва 17 гол хурдаанд.

Ҳаминтариқ тими “Ал Қудсия” бо 13 имтиёз ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт. “Ал Шорта” бо 12 имтиёз дуюм шуд. “Ал Рамза” бо 10 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Дастаи “Равшан” бидуни имтиёз дар зинаи охирин монд.
Мӯҳр
Мухлис
Дигар дар ин хусус илтимос нанависед! Бовар кунед шарманда карданд ин ду тими точикистон!! Кани раиси ФФТ!,Кани Рустами Эмомалй! Албатта дар ЧТ корупсия,махалчигй ва хешу таборбозй дар дарачаи олй ин натичаи сиёсати «хирадмандона»-и чаноби Рахмон аст!! Хайфи «Равшан»-у «Регар» шарманда карданд Точикистонро...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)