Бахшҳо
02 май 2013 12:00Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Даъвати USCIRF аз Амрико барои фишор ба ҳукумати Тоҷикистон

USCIRF - Комиссияи амрикоӣ оид ба озодии байналмилалии динӣ аз Амрико хостааст, ба ҳукумати Тоҷикистон фишор орад, то ин кишвар қонунгузории худро дар робита ба озодии динӣ дар асоси аҳдномаҳои байналмилалӣ ба роҳ монад.

USCIRF дар гузориши ҷадиди худ, ки рӯзи 30-уми апрел нашр гардидааст, вазъи озодии динӣ дар Тоҷикистонро нигаронкунанда хондааст. Ин созмон аз ИМА хостааст, дар сурате ҳукумати Тоҷикистон уҳдадориҳои байналмилалиияшро дар робита ба озодии динӣ иҷро намекунад, аз кӯмак ба мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи тоҷик худдорӣ кунад. Ба гуфтаи Комиссияи амрикоӣ дар нақзи ҳуқуқу озодиҳои динӣ бештар мақомоти қудратию амниятӣ даст доранд.

Ин ниҳоди амрикоӣ дар ин гузориши худ беш аз 12 саҳифаро ба Тоҷикистон бахшида, навиштааст, мақомоти тоҷик тамоми фаъолиятҳои диниро, новобаста аз он ки ҷудо аз давлат мебошанд саркӯб менамояд: “Дар ин кишвар бархе афрод ба хотири эътиқоду боварии динияшон равонаи зиндон мешаванд. Дар ҳоле, ки иттиҳомоти онҳо исбот нашудаанд.”

Инчунин омадааст, ки тайи чор соли ахир дар Тоҷикистон қонунҳои вазнине алайҳи фаъолиятҳои динӣ ба тасвиб расиданд: “Бар асоси ин қавонин барои фаъолиятҳои динии сабти ном нашуда ҷазои ҷиноӣ таъйин карда шудааст. Ин қавонин гирифтани таълимоти диниро ба таври хусусӣ манъ намуда, ба ҳукумат иҷоза медиҳад, то имом-хатибони масоҷидро худ таъйин кунад ва тамоми фаъолияти диндоронро таҳти назораташ қарор бидиҳад.”

Комиссияи амрикоӣ инчунин зикр кардааст, ки дар Тоҷикистон рафтани наврасони то 18-сола ба масоҷид ва иштирок дар ҳаргуна ҷамъомадҳои динӣ, пӯшидани либосҳои мазҳабӣ барои занҳо дар таълимгоҳҳо манъ буда, мондани риши дароз барои мардон маҳдуд мебошад.
Мӯҳр
Комрон
Ба дарачае расидааст хукумат, ки дигар гайри мусалмонон даъваташ карда истодаанд, ки хукуки мусалмононро поймол накунад. Ин бадбахти аст.

Агар Дар Хукумати мо мусалмонхои комил кор мекардан. Мо Милати тамадунсоз шармада намешудем бо ин конуни баровардаи Парлумон...

Миллатгаро
Аломати болои герби давлатии Амрико ғайриихтиёр нишони парчами давлатии Исроилро ба ёд меорад, ки худ мусалмонҳоро мекушад, таҷовуз мекунад ва хоки онҳоро соҳиб мешавад... Ин қадар мардуми паст набояд шуд ки дустро аз душман фарқ натонем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)