Посухи ҷавонони Бадахшон ба “Созандагон”: Аз пашша фил насозед!

Як гурӯҳ аз ҷавонони фаъоли Бадахшон ба нигаронии Созандагони Ватан, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, дар бораи “авбошӣ дар Хоруғ” посух гуфтаанд.
Ин гурӯҳи ҷавонон мегӯянд, латту кӯби сохтмончиён -- Тошмуродов ва Чақалов дар Хоруғ онҳоро низ ба ташвиш овардааст, вале шеваи нигаронии ҷавонони ҲХДТ онҳоро бетараф гузошта наметавонад. Зеро ба гуфтаи онҳо, Созандагони Ватан ин вазъро чунин тавсиф карда, ки миёни сокинони дигар манотиқи кишвар нисбат ба зодагони Хоруғ бадбинию душманиро ба вуҷуд меорад.
“Мо намефаҳмем, ба чӣ хотир ҷиноҳи ҷавонони бузургтарин ҳизби кишвар мардумро ба гумроҳӣ мебаранд ва дар асоси он чунин изҳорот мекунанд”,-таъкид шудааст дар номаи ҷавобии ҷавонони фаъоли Бадахшон.
Ин гурӯҳи ҷавонон ба иттилои роҳбарияти Созандагони Ватан расондаанд, ки гумонбаршудагон аллакай дастгир шуда ва бинобарин талаби эшон оиди бо диққат бурдани тафтишот ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон мантиқӣ нест: “Дар ин хусус ҳанӯз 25-уми апрел роҳбари шӯъбаи ВКД дар ВМКБ Тоҷиддин Назришоев хабар дода буд. Ҳамчунин, ӯ дар хусуси латту кӯби як нафар гуфта буд, на ду нафар. Ҳоҷат нест аз пашша фил сохта, як ҷанҷоли оддиро ба ҷанҷоли миёни манотиқ табдил дода шавад.”
Ба андешаи ин ҷавонон, Созандагони Ватан бо чунин изҳороте, ки махсус паҳн шудааст, сокинони Хоруғро бадном мекунанд. Дар ҳоле ки ба таъкиди ҷавонони фаъоли Бадахшон, “ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ-ро гум шудани кӯдакон, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва кушторҳо ба ташвиш намеорад. Ҷиноятҳои тобистони соли гузашта дар Хоруғ аз ҷониби мақомот ба куллӣ тафтиш нашудаанд, аммо ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ дар он хусус хомӯш аст, ҳамчуноне ки барои ҳалли дигар мушкилоти минтақа кӯшиш намекунад ва диққати худро рӯи як қазияи кӯчак гирд овардааст.”
Ҷавонони Бадахшон Созандагони Ватанро ба созандагӣ даъват карда, хоҳиш намудаанд, ки оромию сулҳи нозуки минтақаро халалдор насозанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |