Дар Рӯзи байналмилалии озодии баён дурнамои озодии ВАО баррасӣ мешавад
«Вазъи имрӯза ва дурнамои озодии ВАО дар Тоҷикистон». Зери ҳамин унвон 3-уми май дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе ҳамоиши вижае баргузор мешавад.
Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири ҳафтаномаи “Фараж” ва раҳбари “Медиа-Алянси Тоҷикистон” ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, ки дар ин конфроси ҷумҳуравӣ бештар муаммоҳои риояи «Меъёрҳои ахлоқи касбии журналистӣ дар Тоҷикистон», мушкилоти гузариш ба пахши рақамии телевизион, проблемаҳои қонунгузорӣ ва қазияҳои судии ВАО-и мустақил, мушкилоти андозбандии расонаҳо ва ҳамчунин масъалаҳои ҳуқукии ВАО дар маъракаи интихоботҳо мавриди бараси қарор мегирад.
“Дар ҳамоиш ҳамчунин ба журналистон ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон -- «Дастрастарин вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ», ҷоизаи “Медиа- Алянси Тоҷикистон” ба номи Отахон Латифӣ ва Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев, ҷоизаи Маркази тадқиқоти журналистӣ ба номи Пайванди Гулмуродзода ва Ҷумъабой Толибов, ҷоизаҳои ташкилотии ҷаъмиятии «ИНДЕМ», Ҷоизаи Бунёди Муҳиддин Олимпур -- «Бинишвар» (барои суратҳои беҳтарин дар 3 бахш) ва ҷоизаи радиои «Ватан» барои озмуни варзишӣ тақдим мегардад”,-афзуд номбурда.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |