Натиҷаи назарпурсии Озодагон: "1-уми май рӯзи ғалаба аст"

1-уми май ба унвони Рӯзи байналмилалии меҳнаткашон ё Иди якдилии заҳматкашон таҷлил мешавад. Ин сана дар Тоҷикистон истироҳат эълон шудааст.
Хабарнигори «Озодагон», ки аз чанд хиёбони Душанбе дидан кард, мегӯяд, дар қиёс ба рӯзҳои дигар дар кӯчаву хиёбонҳо одамон камтар ба назар мерасанд. Зимнан, ҳамкори мо аз чанд роҳгузар пурсид, ки «Якуми май чӣ рӯз аст»:
Тилоев Маҳмуд, сокини ноҳияи Файзобод:
- 1-уми май рӯзи ғалаба мебошад ва ман аз ин фурсат истифода бурда тамоми мардуми кишварро табрик менамоям. Хоҳони онам, ки мардуми тоҷик ҳамеша дар рӯзи 1-уми май сарбаланду шод бошанд. Мо рӯзи якумро бештар бо аёдати дӯстонамон мегузаронем.
Шаҳзод Насимов, хонандаи синфи 7-уми литсеи №55-и пойтахт:
-Рӯзи якуми май рӯзи одамони меҳнаткаш мебошад ва азбаски ин рӯз барои ман ҳамчун ду ид, яке 1-уми май ва дигаре зодрӯзи хоҳарам мебошад, мо ин рӯзро ҳар сол бо оиламон гирди дастархон ҷашн мегирем.
Муҳаммадризо, тамизкори хиёбонҳои Душанбе:
-Ростӣ намедонам ин рӯз чӣ рӯз аст, вале чи тавре мебинед кор карда истодаем ва аз ин фаҳмида мешавад, ки имрӯз рӯзи корӣ будааст.
Аваз Хоҷеав, муовини раиси шаҳраки Сомонии ноҳияи Рудакӣ:
-Мо ин рӯзро албатта, ҷашн мегирем. Субҳи имрӯз бо раисони маҳалла шанбегӣ гузаронидем ва мардумро бо ин рӯзи меҳнаткашон табрик намудем.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |