"Flydubai" Душанбеву Дубайро бо ҳам пайваст
Ширкати ҳавопаймоии «Flydubai»-и Аморати Муттаҳидаи Араб нахустин парвоз дар хатсайри Дубай -- Душанберо анҷом дод.
Ин парвоз рӯзи 30-уми апрел тавассути ҳавопаймои Boeing 737-800 сурат гирифт.
Аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, “дар ҳоли ҳозир парвозҳо дар ин хатсайр ҳафтае 2 маротиба, рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе анҷом дода мешавад. Дар сурати зиёд шудани хоҳишмандон имкони афзудани парвозҳо мавҷуд аст”.
Парвозҳои самти Дубай-Душанбе 20-умин хатсайри ширкати ҳавопаймоии «Flydubai»-и Аморати Муттаҳидаи Араб ба кишварҳои пасошӯравӣ будааст. «Flydubai» соли 2009 ба фаъолият шурӯъ карда, соҳиби 23 ҳавопаймои мусофирбари Boeing-737-800 мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |