Ҷунбиши миллӣ хост, Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот ширкат накунад
Ҷунбиши миллии Тоҷикистон дар як муроҷиатнома аз раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон -- Эмомалӣ Раҳмон хостааст, то дар интихоботи президентӣ номзадияшро нагузорад.
Ин интихобот моҳи ноябри соли 2013 баргузор хоҳад шуд. То ҳол танҳо Ҳизби ҳокими ҳалқӣ-демократии Тоҷикистон гуфтааст, ки бо номзади худ дар он ширкат меҷӯяд ва он ҳам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аҳзоби дигар то ҳол тасмими қатъии худро рӯшан накардаанд.
Ҷунбиши миллии Тоҷикистон дар изҳороти худ ба оқои Раҳмон муроҷиат кардаву гуфтааст, "ба хотири ҳифзи арзишҳои демокросӣ ва тараққиёте, ки миллати Тоҷикистон бо шаъну шараф арзанда асту орзуяш дорад, аз Шумо хоҳиш мекунем, дар интихоботи ояндами раисҷумҳурӣ ҳамчун номзад ширкат накунед. Ин шояд саҳми беҳтарини Шумо дар тақвияти мардумсолорӣ ва рушди воқеии кишвар гардад, вале, албатта, охирин нахоҳад буд. Мо умедворем, ки Шумо бо ҳизби худ дар таъмини интихоботи шаффоф ва озод ҷидду ҷаҳд мекунед, ки боиси ифтихори мардум гардад ва заминаи хуб барои ташкили ҳукумати масъулиятнок ва мутахассисин дар хидмати мардум фароҳам ояд».
Ҷунбиши миллӣ дар идома қабули Созишноми Сулҳ миёни ҳукумат ва нерӯҳои мухолифин дар соли 1997-ро як қадами мусбат дар давлатдории тоҷикон унвон карда, гуфтааст, тамоми миллат аз нақши Эмомалӣ Раҳмон ва ҷониби дигар дар ин дастоварди муҳим қадрдонӣ мекунад. "Вале таъқиби пайвастаи ҳизбҳои рақиб, маҳдудияти воситаҳои ахбори мустаққил, шиканҷаи зиндониён, нақзи қонун ва суистифодаи додгоҳҳо, фасоди фарогир, ашхоси тасодуфӣ дар ҳукумат, камбуди диққат ба сифати омӯзиш ва беҳдошти аҳолӣ, ҷойҳои кории пастмузд, муҳоҷирати меҳнатии носолим ба Русия, бохтани замин ба Чин, фиреб дар корхонаҳои давлатӣ, аз ҷумлаи Талко, роҳҳои пулакӣ, вобастагии рӯзафзун аз молхои хориҷӣ ва болоравии нархҳо сатҳу сифати зиндагии аксари мардуми Тоҷикистонро коҳиш дода, орзуи насли ҷавон барои ояндаи дурахшонро аз байн бурдааст",-таъкид шудааст дар ин муроҷиатнома.
Ҷунбиши миллии Тоҷикистон ба Қонуни асосии Тоҷикистон ишора кардааст, ки дар боби 4, банди 65-и он омада, ки «як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.» Дар идомаи он гуфта шудааст, "яъне, бо иштироки худ дар интихоботи 1994, 1999 ва 2006 Шумо аллакай се муҳлат пай дар пай дар вазифаи раисҷумҳур фаъолият кардаед."
Ҷунбиши миллии Тоҷикистон як созмони сиёсиест, ки дар Вазорати адлияи ин кишвар сабтином нашудааст. Ин созмони сиёсӣ қаблан бо як изҳорот Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҲУСДТ-ро номзади худ ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ эълон карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |