Ҷавонҳои қирғиз алайҳи пойгоҳи Амрико дар Манас баромаданд
Пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фурудгоҳи Манас, ин таҳдид ба амну суботи Қирғизистон мебошад.
Ин нуктаҳо имрӯз 30-юми апрел зимни нишасти матбуотӣ, раҳбарони ду ҳаракати ҷавонон, «Жон эле» ва «Фронти халқӣ»-и Қирғизистон баён доштаанд. Фаъолони ҳаракатҳои мазкур гуфтаанд, онҳо аз хомӯш будани ҳукумати Қирғизистон дар мавриди берун сохтани пойгоҳи низомии мазкур сахт нигарон мебошанд.
Раҳбарони ин ду ҳаракат аз расисиҷумҳури Қирғизистон хостаанд, дар мавриди хориҷ кардани Маркази ҳамлу нақли Пентагон аз хоки ин кишвар посухи равшане дода, масъалаи бекор намудани шартнома дар бораи ин пойгоҳро дар парлумон мавриди баррасӣ қарор бидиҳад.
«Аз ин ба баъд, гуфтугӯ бо Амрико дар мавриди тамдиди будубоши пойгоҳи низомӣ дар фурудгоҳи Манас лозим нест. Пойгоҳи низомии амрикоӣ ба мо даркор нест. Инчунин мо аз таъсиси як коммисияи байналмилалӣ барои таҳқиқи фаъолияти як пойгоҳи низомӣ дар фурудгоҳи пойтахт ҷонибдорӣ намуда истодаем.» -гуфтааст А.Бейшенбек, раҳбари “Жон эле”.
Инчунин раҳбарони ду ҳаракати мазкур аз баргузории як эътирозоти густарда алайҳи қарор доштани пойгоҳи НАТО дар макони стратегии Қирғизистон ҳушдор додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |