Вазир: Ором гузаштани интихобот аз мақомоти пулис вобаста аст

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 30-юми апрел, дар ҷаласаи мушовараи ниҳоди зертобеаш 2013-ро “соли чорабиниҳои муҳими ҷамъиятию сиёсӣ” унвон карда, кормандони пулисро ба зиракию ҳушёрии махсус даъват кард.
Раҳимов интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 ва Конференсияи байналхалқии ҳамкорӣ дар соҳаи оби тозаро зикр карда, таъкид намуд, ки “дар фазои сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ ва дар сатҳи баланди фарҳангиву сиёсӣ гузаронидани ин маъракаҳо аз хизмати софдилона ва поквиҷдононаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, вобастагии калон дорад.”
Ӯ дар муроҷиат ба ҳайати воломақоми мақомоти пулис афзуд, “гузаронидани ин чорабиниҳо масъулияти бештар, зиракии сиёсиву хизматиро талаб менамояд ва боварӣ дорам, ки бо иқтидори кадрии мавҷуда, бо кӯшишу ғайрати ҳар яки шумо ин маъракаҳо дар сатҳи баланд доир карда мешаванд.”
Вазир ёдрас кардааст, ки “ҳар яки мо савганд ёд намудаем ва бояд ба коре, ки пеша кардаем содиқ бимонем. Савганд хӯрдаем, ки дар мавриди зарурӣ ҳаёти худро барои ҳифзи сохти ҷамъияту давлат ва тартиботи ҳуқуқӣ дареғ намедорем.”
Дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли равон интихоботи президентӣ дар назар аст. Барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ ҳамаи аҳзоби сиёсӣ изҳори омодагӣ кардаанд, вале ягон ҳизб то ҳол номзади мушаххасро пешбарӣ накардааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон, ахиран изҳор дошт, ки дар мавриди ширкат дар интихобот то ҳол қарор қабул накардааст, вале ҳамчун кафили иҷрои Сарқонун кафолат медиҳад, ки интихобот шаффофу демократӣ хоҳад гузашт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |