Зиёни расида аз сӯхтори бозори “Фаровон” ҳисоб шуд (АКС)
Маблағи умумии зиёни расида аз сӯхтори рӯзи 24-уми апрел дар бозори “Фаровон”-и Қӯрғонтеппа 828 ҳазору 480 сомонӣ арзёбӣ карда шуд.
Сӯҳроб Қулмаҳмадов, нозири тарғиботи Раёсати Хадамоти давлатии оташишонии вилояти Хатлон, дар ин хусус иттилоъ дода, афзуд, дар натиҷаи сӯхтор 47 дӯкон, 6 анбор, 4 ошхона ва 456 ҷойи нишасти тоҷирон пурра аз байн рафтааст.
“Сӯхторро танҳо баъд аз гузашти 12 соат бо ёрии 20 мошини сӯхторнишонӣ, 130 сӯхторнишон ва 50 довталаб соати 05.10 дақиқаи рӯзи дигар тавонистем хомӯш намоем”,-иттилоъ дод манбаъ.
Чуноне мусоҳиби мо зикр кард, мушкилии асосӣ дар он буд, ки дар ин бозори калонмасоҳат фақат як адад гидранти сӯхторнишонӣ ҷой дошт, аммо ҳавзи сӯхторхомӯшкунӣ умуман мавҷуд набуд ва гузаргоҳҳои мошингард барои мошинҳои дарозандозаи оташнишонӣ бисёр танг буд. Биноан, ду нафар корманди умури сӯхторнишонӣ ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд. Гунаҳкорони сӯхтор ҳоло ошкор карда нашудаанд, аммо бо иттилоъ аз як манбаъи муътамад, Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон шаби ин воқеа 70 нафаро бо иттиҳоми даст доштан дар дуздии моли соҳибкорон боздошт карда, нисбат ба панҷ нафари онҳо аллакай парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Аксҳо: "Фаровон" дар лаҳзаҳои сӯхтор ва баъд аз он
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |