Ҳизби ҳоким латту кӯби сокини Душанберо дар Хоруғ маҳкум кард
Ташкилоти “Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот латту кӯби Алишер Чақалов, як сокини Душанберо аз ҷониби гуруҳи ҷавонон дар Хоруғ маҳкум кардааст.
“Созандагони Ватан” бо пахши ин изҳорот гуфтааст, “бори аввал нест, ки сохтмончиёне, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат барои ободкориву созандагӣ ба ВМКБ сафарбар мешаванд,аз ҷониби гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонони маҳаллӣ мавриди таҳдид ва ё таҳқиру латукӯб қарор мегиранд.”
Ин ташкилот аз рӯи нақли яке аз ҷабрдидаҳо Рустам Тошмуродов баён мекунад, ки ӯ ҳамроҳи Алишер Чақалов баъд аз анҷоми вақти корӣ тахминан соати 19-и шом бо мақсади шустушӯй ба ҳаммом равона мегарданд: “Дар роҳ гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ, ки иборат аз ҳафт нафар буданд, пеши роҳи онҳоро мегиранд ва бо мақсади номаълум «шумо бачаҳои Алфаед?» гӯён, пурсон мешаванд. Ҳарду ҷавон ҷавоби рад дода мегӯянд, ки онҳо ронандаанд ва барои сохтмон сангу шағал мекашанд. Баъди бозгашт, тахмин наздики соати 21-и шаб, вақте аз пеши ҳамин гуруҳи ҳафтнафара мегузаранд, ногаҳон аз қафо ба онҳо ҳуҷум намуда, яке аз ҷавон Алишер Чақаловро сахт латукуб мекунанд, ки ӯ дар ҳолати ношинохтанӣ қарор мегирад. Рустам Тошмуродов бошад, ба зудӣ худро раҳо карда, бо мақсади расондани ёрӣ сӯи отряди ҳарбӣ меравад.”
“Созандагони Ватан” ин амалро “ноҷавонмардона” арзёбӣ карда, аз сохторҳои дахлдор хоҳиш намудааст, ки ҳодисаро дар доираи қонун баррасӣ кунанд.
Нигаронии "Созандагони Ватан" латту кӯби Алишер Чақалов дар Хоруғ дар ҳолест, ки рӯзҳои истироҳати гузашта дар маркази шаҳри Душанбе ҷавоне, бо зарби корд ду нафарро ба ҳалокат расонда, ғайб задааст. Гуфта мешавад, ин ҷавон, ки қаблан ҳам дар кордзанӣ даст доштааст, замоне боздошт гардида буд, вале ба далели аз оилаи бонуфуз буданаш аз ҷавобгарӣ халос шудааст. Инчунин бо гузашти беш аз як ҳафта ҳанӯз ҳам омилони латту кӯби Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, ки дар назди хонааш мавриди ҳамла қарор гирифта буд, боздошт нашудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |