Афзалов: Ваъдабоз бисёр аст, аммо бояд нафари шоиста интихоб шавад
Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, аз Аҳмадҷон Ализода, раиси Комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, тақозо намуд, дар марҳилаи “нозуки сиёсӣ”, яъне интихоботи раисиҷумҳур, ҳангоми ҷалби аъзои нав аз тақаллубкорӣ ҷилавгирӣ намоянд.
Ин нукта рӯзи 29-уми апрел дар ҷаласаи мақомоти вилоят садо дод. “Бояд пеш аз ҳама, мо - аъзои ҲХДТ корро аз ташкилоти ибтидоии хеш сар кунем, то онҳо мисле, ки дигар ҳизбҳо мардумро фиреб дода, “инҷо имзо кун, ёрии башардӯстона мегирӣ” гуфта, бо ин роҳи дурӯғ сафи хешро пур месозанд, ба мардумфиребӣ роҳ надиҳанд”,-гуфт Афзалов.
Вай илова кард, “на ҳама имкони хондану дидани рӯзномаву телевизионро доранду пешравиҳоро мушоҳида мекунанд. Бинобар ин, нақша-чорабинӣ тартиб дода, ҳақиқатро ба мардум фаҳмонидан даркор аст. Ваъдабоз бисёр аст, аммо бояд каси арзандаро интихоб кард. Касеро, ки дар рушду оромии кишвар ҳиссаи сазовор гузошта тавонад”.
Ёдовар мешавем, алъон ҲХДТ дар ҳудуди вилояти Хатлон дар 1400 ташкилоти ибтидоӣ беш аз 90 ҳазор нафарро муттаҳид намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |