"Террористон дар Тоҷикистон аз номи Ислом сӯиистифода мекунанд"
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар 4 моҳи соли ҷорӣ 75 узви созмонҳои террористиро боздошт кардаанд, ки миёни онҳо худкушон низ ҳастанд.
Ин нуктаро дар мулоқот бо муҳассилини Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, полковники Кумитаи давлатии амнияти миллӣ А.Авғонов таъкид карда, ҷавононро аз пайравӣ ба ҳар гуна гуруҳу созмонҳои шубҳаовар ҳушдор додааст.
Тавре сомонаи Донишгоҳи омӯзгорӣ аз қавли Авғонов иттилоъ медиҳад, ташкилоту ҳизбҳои ифротгарою террористӣ аксар ҳолат зери ниқоби дини мубини Ислом ҳадафҳои ношоистаашонро амалӣ менамоянд: “Бинобар ин, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва фирефтаи ҳар гуна равияву созмони бадкеш нагарданд.”
Авғонов аз ҷумла аз ҳизби Таҳрир, ҷараёни Салафия ва ҷамоати Таблиғ ёдрас шуда, ҳадафҳои ғаразноку манфиатхоҳонаи онҳоро ташреҳ додааст. Ба таъкиди ӯ, фаъолияти ташкилоти мазкур дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст, "вале онҳо бо василаҳои гуногун ҷавононро ба доми фиреби худ дароварда, аъмоли зишту ваҳшиёнаи хешро, ки бар зарари ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд, тавассути ҷавонон пиёда мекунанд."
Ба иттилои Авғонов, то ин муддат бештар аз 500 узви ҳизби Таҳрир дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд. Дар радифи ҳизби Таҳрир, ҷараёни Салафия ва ҷамоати Таблиғ, ҳамчунин, А.Авғонов аз ҷамоати Ансоруллоҳ, Ҳаракати исломии Узбакистон, Алқоида ва Толибон ном бурда, шомил шудан ба онҳоро қатъиян мамнӯъ донистааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |