Бахшҳо
30 апр 2013 09:35Тоҷикистон / Сиёсат

Интихоботи президентӣ вазоратҳоро ба ҷунбиш меорад?

Дар соли интихоботи президентӣ, ба назар мерасад, вазоратҳо фаъолияташонро пурзӯр гардонда, аз буданашон дарак медиҳанд. Масалан, ду амали охир маҷбурам сохт, сари ин масъала ҳарф занам.

Аввалан Вазорати энержӣ аз «хоб» бедор шуд ва дар муқоиса ба солҳои гузашта як моҳ пештар маҳдудияти барқро дар кишвар аз миён бурд. Баъдан Вазорати тандурустӣ эълон дошт, ки рӯзи 13-уми апрел барои беморон ройгон ё бепул хидмат мерасонанд. Коршиносон ин тавр сурат гирифтани ҳодисаҳоро ба интихобот рабт медиҳанд.

Маҳдудияти барқ ва Вазорати энержӣ

Зиёда аз 18 сол мешавад, ки дар Тоҷикистон маҳдудияти барқ ҷорист ва ин мушкил то ба ҷое расида, ки гӯиё роҳи ҳал надошта бошад. Ҳукумати кишвар ҳафт соли пеш ваъда дода буд, ки то соли 2000-у “фалон” ин мушкилро ба пуррагӣ ҳал менамояд, аммо то ҳол ба ваъдааш вафо накардааст ё натавонистааст вафо кунад. Мансабдорон бартараф сохтани маҳдудиятро аз ин сол ба он сол гузошта, билохира тасмим гирифтанд, ки гӯянд то нерӯгоҳи Роғун сохта нашавад, лимит дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ҳамасола маҳдудият дар саросари кишвар дар оғози моҳи апрел аз байн бардошта мешуд, аммо соли ҷорӣ санаи 8-уми март ба сокинон барқ доимӣ шуд. Ин хушхабарро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар дидораш бо занони фаъол бахшида ба рӯзи модарон эълон намуд. Барои иштироккунандагон гӯиё аз ҳама хабари беҳтарин ва ғайриинтизор буд, ки беист каф мезаданд. Дар ҳақиқат, ин иттилоъ барои тамоми сокинони кишвар хуш омад.

Коршиноси масоили сиёсӣ Набиюллоҳи Суннатӣ мегӯяд, ин дилгармкуниҳои пеш аз интихоботист: “Вазорати энержӣ солҳо исбот кард, ки ҳеч гоҳ наметавонад аз ӯҳдаи таъмини мардум бо барқ барояд ва якуякбора имсол чунин сурат гирифтани кор ҳатман ба интихобот нисбат дорад.”

Аксияи якрӯзаи Вазорати тандурустӣ

Ҳамасола дар нишастҳои матбуотӣ мақомоти зидди фасод эълон менамояд, ки яке аз соҳаҳои фасодзадатарин тандурустӣ аст. Дар зеҳни мардум маблағ талаб намудани табибон чунон таъсир намуда аст, ки ҳатто мақоле ҳамэҷод кардаанд : “Худо гӯй корат ба духтур ва милиса наафтад”.

Ин аз он далолат медиҳад, ки хизматрасонии ройгони бемористонҳоро кас тасаввур карда наметавонад. Аммо ин фикрҳоро Вазорати тандурустӣ «ботил» хонда, ба «ғайбатчиён» ҷавоби «дандоншикан» дод. Зеро рӯзи 13-уми апрел дар ҷумҳурӣ бемористонҳо ройгон ба маризон хизмат намуданд. Бояд гуфт, ин иқдом аз ҷониби Вазорати тандурустӣ бори аввал аст. Ин гуна сурат гирифтани ҳолро низ аксари коршиносон марбут ба он медонанд, ки дар соли интихоботи президентӣ вазоратҳо худро ба мардум хуб нишон доданианд.

«Вазорати тандурустӣ - ба гуфте фасодзадатарин вазорат, солҳост, ки ройгон ба мардум хизмат нарасонида буд, инак, ғамхории якрўзааш яку якбора аз кулӯх паридани оташро мемонад, ки ҳатман дилгармкунии пеш аз интихоботист”- мегӯяд ҳамсӯҳбати мо Набиюллоҳи Суннатӣ.

Аз аксия кӣ хабар дошт?

Бино ба иттилои сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Далил Тошматов тамоми муассисаҳои тиббии вилоят навобаста аз шакли моликияташон дар ин рӯз ба шаҳрвандон ройгон хизматрасонӣ кардаанд. Манбаъ афзуд, рӯзи 13-уми апрел дар вилоят 64 ҳазору 79 нафар аз муоинаи тиббӣ гузаронида шудааст.

Бояд як нуктаи дигарро низ қайд кард, ки қисми зиёди мардум аз аксияи мазкур хабар надоштанд. Ҳатто нафароне, ки ба беморхона рафтаанд, мегуфтанд, ройгон будани хизматрасониҳоро намедонанд. Масалан, як сокини шаҳри Қайроққум, ки ба беморхонаи вилоятӣ омада буд ва худро Раҷабалӣ ном бурд, дар сўҳбат ба «Озодагон» гуфт: “Ман тамоман аз аксия хабар надоштам. Ба беморхона омадам, ҳатто дар ягон ҷо надидам, ки хизматрасони ройгон навишта шуда бошад.”

Дар беморхонаи вилоятӣ чун ҳамешагӣ мардум зиёд буданд. Дар назди даромадгоҳи ҳуҷраи ултрасадо (узи) низ як тӯдаи зиёди одамон менишастанд. Аз чандин нафарашон пурсидем, ки дар бораи аксия иттилое доред, аммо онҳо низ аз ройгон буани хизматрасониҳои беморхона хабар надоштанд. Пас, аз ин суоле ба миён меояд, ки ҳадаф аз ташкили чорабинӣ дар чист, дар ҳоле ки аксари мардум як тараф истад, шумораи зиёди беморон аз аксия бехабаранд?
Ба ҳар ҳол “бедор” шудани ду вазорат гумонеро ба миён меорад, ки шояд дигар вазоратҳо низ бедор шуда, дар соли интихобот худро “ширин” кунанд. Баъд аз анҷоми интихобот боз то ҳафт соли дигар ба хоби ноз хоҳанд рафт, ки бедор кардани онҳо кори чандон саҳлу соддае нахоҳад буд.

Дилошӯб ОРИФЗОДА,
Хуҷанд
Мӯҳр
Точикистон давлати ичтимои эълон шудааст. Мо одат кардаем, ки аксия дар нуктахои фуруши мол ё хизматрасонии тичоратию бахши хусуси гузаронида мешавад. Аксия дар хизматрасонии тибби, дар муассисахои Вазорати тандурусти ин шармандаги аст. Агар каме бошад хам ин масъулин дорои фарханг мебуданд, аз ин аксияхои худ реклама намекарданду умуман ифшо намесохтанд.

Салмон
Хирс се фасли сол мечара чарвиш гавс мешава фасли зимистонда хов мерава вазоратои точ... Дар давраи пеш аз интихоботи бедор мешаванд чунон кор мекунанд намекунанд ки дар хафтсоли дигар ба худ намеоянд бад хоб мераван ба хузур

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)