Пажӯҳиш: Занони тоҷик дар роҳ ба сӯи адолат 6 мушкил доранд
Дар шаҳри Душанбе конфронси 2 рӯзаи байналмилалӣ дар мавзӯи «Таъмини ҳуқуқҳои зан: қонунгузорӣ ва таҷриба» идома дорад.
Зимни конфронс натиҷаҳои тадқиқоти «Масъалаҳои ҳуқуқии табақаҳои осебпазири аҳолии Тоҷикистон» муаррифӣ гардида, аз ҷумла таъкид шуд, ки барои занони тоҷик 6 монеа мавҷуд дорад, ки дар роҳи адолати судӣ халал мерасонанд: “Инҳо «бемайлӣ дар дохил намудани шахсони сеюм барои ҳалли ихтилоф», «пурра надонистани қонунҳо», «нарасидани маблағ», «монеаҳо ҳангоми муроҷиат ба суд», «коррупсия ва дарки он» ва «носаҳеҳӣ дар тартиботи судӣ» мебошанд.”
Мушкилоти занҳои 3 давлати Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон тайи ду рӯз – 29 ва 30 апрел дар Душанбе баррасӣ мешавад. Дар конфронс зиёда аз 100 намояндаи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва 10 давлати дунё иштирок доранд.
Мувофиқи ҳисоботи кулии барномаи «UN Women» қонунҳои ҳозира натанҳо дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми дунё наметавонад, гарави таъмини баробарӣ ва адолат дар зиндагии қисми зиёди занони сайёра бошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |