Чаро пойгоҳи 201 даъвати Вазорати дифоъро напазируфт?
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, пойгоҳи 201-и Русия ба даъвати Вазорати дифои Тоҷикистон барои хомӯш намудани сӯхтор дар бузургтарин бозори ҷануби кишвар, “Фаровон”-и Қӯрғонтеппа ҳозир нашудааст.
Вазорати умури дохилӣ сабаби ҳозир нашудани пойгоҳи низомии 201-и Русияро надоштани техникаю таҷҳизоти зарурии оташнишонӣ арзёбӣ мекунад.
Ин ниҳод ёдрас мекунад, ки 24-уми апрели соли ҷорӣ дар ошёнаи дуюми бозори савдои яклухти «Фаровон»-и шаҳри Қӯрғонтеппа сӯхтор ба амал омада, 4 ҳазору 430 метри мураббаъро фаро гирифта буд. Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки ин сӯхтор бе ҷалби пойгоҳи 201, бо қувваи сӯхторнишонон ва ёрии аҳолии маҳалӣ дар давоми якуним соат ба пуррагӣ хомӯш карда шуд. Ба иттилои вазорат таҳқиқи омилҳои ниҳоии ин сӯхтор идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |