Маркази обу ҳавошиносӣ: Рӯзҳои офтобӣ наздик омадаанд
Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, то якуми май дар Душанбе ва минтақаҳои атрофи он ҳавои абрноку бориши кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.
Ҷамила Байдуллоева, масъули Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “аз 1 то 3-юми май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш, ҳавои офтобӣ то 20 - 25 дараҷа гарм дар назар аст.”
Байдуллоева афзуд, ки рӯзҳои 4-5 май дар ҷумҳурӣ боз раъду барқу боридани борон пешбинӣ шудааст ва ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона 20- 25 дараҷа ва шабона аз 7 то 12 дараҷа гарм хоҳад шуд: “Дар қисматҳои куҳӣ бошад, ҳарорати ҳаво шабона 3 дараҷа, рӯзона аз 6 то 11 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар қисмати ғарбии Бадахшон шабона то 10 -11 дараҷа, рӯзона аз 13 то 18 дараҷа ҳаво гарм мешавад. Дар қисмати шарқии ин вилоят шабона ҳарорати ҳаво 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона 5 то 10 дараҷа гарм хоҳад буд.”
Ба гуфтаи Байдуллоева дар шаҳри Душанбе низ 4- 5 май соли равон ҳавои тағйирёбанда, борони кутоҳмудат ва раъду барқ дар назар аст: “Ҳаво шабона то 10 -11 дараҷа, рӯзона 22- 24 дараҷа гарм хощад шуд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |