“Мегафон” ваъдаи дастрасии муштариёнаш ба “Озодагон”-ро дод
Ширкати “Мегафон” мегӯяд, маҳдудияти дастрасии муштариёнаш ба сайти хабаргузории “Озодагон”-ро базудӣ рафъ хоҳанд кард.
Манбаи мо аз “Мегафон” гуфт, масъулони ширкат талош доранд, то бегоҳи 29-уми апрел мушкилотро бартараф созанд: “Мо шабакаи худро мавриди тафтиш қарор додем, дар ин шабака ягон мушкил дида намешавад ва он мушкилоти ҷузъие, ки вуҷуд дорад, то бегоҳ бартараф хоҳанд шуд.”
Як гурӯҳ аз муштариёни ширкати Мегафон ба хабаргузории Озодагон хабар дода, гуфтанд, аз шоми рӯзи 25-уми апрел ба ин сӯ наметавонанд ба торнамои “Озодагон” ворид шаванд.
Аммо масъулони фаннии ширкати Мегафон рӯзи 26-уми апрел низ дар сӯҳбат бо “Озодагон” ин мушкилро ба масъалаҳои техникӣ марбут дониста ва гуфта буданд, ки ин мушкилро ҳал хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |