Гулӯ ва гардани кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишвории мавсум ба «Фирӯз»-и ноҳияи Мастчои вилояти Суғдро буриданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, дирӯз соати 5-и субҳ, шахсони номаълум ба ин нуқтаи фурӯш, ки дар роҳи нақлиётгарди ҷамоати Палдорак воқеъ аст, ворид гашта бо олоти халандаю буранда, гулӯ ва гардани шаҳрвандон Мирзошариф Ашуров ва Ҳалим Ҷумъаевро бурида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Номбаршудагон, сокинони рустои Роғи ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчо мебошанд. Манбаъ афзуд, Мирзошариф Ашуров пас аз бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Ҳалим Ҷумъаев дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гашт. Айни ҳол амалиёти кормандони милиса барои боздошти ҷинояткорон дар қаламрави вилояти Суғд идома дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр