Коршинос: Душанбе аз миёни Вашингтону Маскав бояд якеро интихоб кунад

Андрей Грозин, раҳбари бахши Осиёи Марказӣ дар Пажуҳишгоҳи умури кишварҳои узви ИДМ дар Маскав, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, вақти он расида, ки Душанбе аз миёни Маскаву Вошингтон якеро интихоб намояд.
Дар ҳоле ки ба қавли ин коршинос, “мушкили аслӣ миёни Тоҷикистону Русия мавқеи норӯшан ва мубҳами раисиҷумҳури ин кишвар мебошад, ки ният дорад, аз рақобат байни Амрико ва Русия имтиёзҳои бештареро соҳиб шавад.”
Ба гуфтаи Грозин, агар ин сиёсатҳои Тоҷикистон ҳамчунон идома ёбад, Маскав абзорҳои зиёде барои дифоъ аз манофеи хеш дар ихтиёр дорад. “Бо ин ҳол баид аст, ки кор ба ин марҳила бирасад ва вазъияти Афғонистон пас аз соли 2014 талаб мекунад, ки Тоҷикистон барои тасвиби созишномаҳои ҳамкории низомӣ бо Русия ҳарчи зудтар даст ба иқдоме занад”,-афзудааст ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Грозин мегӯяд, Русия барои иҷрои тарҳҳои бузурге, назири нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омодааст ва дар ин маврид ҳеч шакке нест. Ҳатто ба гуфтаи ӯ, дар сурати мувофиқати кишварҳо, натоиҷи ташхиси фаннӣ ва зистмуҳитии ниҳодҳои молии байналмилалӣ низ наметавонад дар ин раванд халале эҷод намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |