Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон ҳамкорӣ бо "Озодӣ"-ро қатъ карданд
Се созмони хабарнигории Тоҷикистон то замони ҳал шудани мушкили хабарнигори шинохтаи тоҷик, Абдулқаюми Қаюмзод, муваққатан ҳамкориро бо Радиои Озодӣ қатъ карданд.
Ин тасмимро раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, Нуриддин Қаршибоев, рӯзи 29 апрел дар Душанбе эълон кард. Ӯ гуфт, се созмони хабарнигорӣ -- Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои васоити ахбори омма ва Медиа-алянси Тоҷикистон муваққатан ҳамкорӣ бо Радиои Озодиро қатъ карда, аз ҳамаи хабарнигорону созмонҳо ва коршиносони тоҷик мехоҳанд, аз ин тасмими онҳо ҳимоят кунанд.
“Аз бархе қазияҳои хабарнигорони “Озодӣ”, аз қабили Сайёфи Мизроб ва аз ҷумла Қаюмзод бохабар ҳастем. Инҳо 10-12 соли умри худ, ғайрату ҷавониашонро барои Радиои Озодӣ сарф мекунанд, аммо дар рӯзи мушкилиашон ба ҷойи дастгирӣ кардан, онҳоро дар кӯча мегузоранд. Аз ин рӯ, ҳар як коршинос ва рӯзноманигоре, ки бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекунад, эҳтимол ин рӯз ба сараш ояд. Раҳбарияти “Озодӣ” ба хулосае ояд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва рӯзноманигорони тоҷик низ дар қатори шаҳрвандон ва рӯзноманигорони дигар кишварҳо ҳаққу ҳуқуқи хешро доранд ва нақзи ҳуқуқ алайҳи онҳо раво намебошад ва инро хуб дарк кунанд”,-афзуд Қаршибоев.
Дар ҳамин ҳол, Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари Шӯрои ВАО, мегӯяд, ин тасмими онҳо натанҳо ба хотири ҳалли мушкили Абдулқаюми Қаюмзод, балки барои ҳалли мушкили дигар хабарнигорон низ гирифта шудааст, ки таҳти фишору таъқиби корфармоён қарор доранд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ҳар хабарнигор чи дар расонаҳои дохилӣ ва чи расонаҳои хориҷӣ бояд аз ҳаққи комили бархӯрдор буда, корфармоён ба ҳаққи онҳо эҳтиром гузоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |