Раиси “Троллейбус”-и Душанбе ба вазир аз мушкилоташ гуфт
Абдулхайр Алиев, роҳбари корхонаи КВД "Троллейбус" ахиран дар ҷаласаи мушовара аз мушкилоти ин соҳа ба Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон гузориш додааст.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз қавли Алиев хабар медиҳад, ки яке аз мушкилоти асосии хизматрасонии троллейбусҳо дар пойтахт, ин садамаҳои ногаҳонии барқӣ дар кабелҳои зеризаминист, ки аз солҳои 1955-1960 мавриди истифода қарор дошта, мӯҳлати истифодаи онҳо кайҳо гузаштааст.
Тавре аз вазорати мазкур ба «Озодагон» гуфтанд, Абдулхайр Алиев, зимни ҷаласаи семоҳа иброз намудааст, ки “мушкилоти дигар, бемасъулиятии соҳибони мошинҳои боркаши баландии бордонҳояшон аз меъёри муқарраргардида зиёд мебошад, ки бо ноқилҳои троллейбусгард бархӯрда, онҳоро мекананд."
Алиев ҳаракати нодурусти воситаҳои нақлиёти сабукравро низ монеи хадамоти троллейбусҳо ба сокинон арзёбӣ кардааст: «Дар ду қатор таваққуф намудани воситаҳои нақлиёти сабукрав дар назди бозорҳои Ганҷина, Султони Кабир, гардишгоҳи Қарияи Боло, назди марказҳои савдои «Садбарг», «Гулистон», «Олами Китоб, «Ҷал-ҷам» ва ғайраҳо мебошанд. Дар хатсайрҳо чунин вазъ сабаби таваққуфи беасоси троллейбусҳо гардида, ба гузариши онҳо халал мерасонанд. Ронандагон маҷбур мешаванд, ки "шох"-ҳои троллейбусҳоро канда гузаранд. Дар аксари вақт ин тарзи кор ба кандашавии ноқилҳо оварда мерасонад ва дар натиҷа дар баробари афзудани норизоии муштариён ба даромади корхона таъсири манфӣ мерасонад.»
Номбурда таъкид кардааст, ки камтаҷрибагии ронандагони ҷавон бошад, ба он оварда мерасонад, ки дар баъзе мавридҳо дар буришҳо ва гардишҳо шохҳои троллейбусҳоро канда мегузаранд. Тибқи итилои Вазорати нақлиёт айни ҳол дар тавозуни корхонаи КВД "Троллейбус" 164 троллейбус қарор дошта, аз ин ҳисоб 121 адади онҳо дар ҳолати хуби техникӣ буда, ҳамарӯза аз 85 то 90 адади онҳо дар хатсайрҳои шаҳрӣ мунтазам ба хизматрасонӣ сафарбар карда мешаванд. Дар семоҳаи аввал троллейбусҳо 2 миллиону 482 ҳазору 500 мусофир кашонидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |