Сурайё Қосимова: "Ҳамааш 100 фоиз! Маро ҷарима накардаанд"

Сурайё Қосимова, овозхони маъруфи тоҷик, хабарҳоро дар бораи ҷаримабандӣ шуданаш рад кард.
Қосимова рӯзи 26-уми апрел дар суҳбат бо “Озодагон” таҷлили ҷашни 55-солагияшро тасдиқ намуд, вале гуфт, ҳаргиз қонун дар бораи танзими расму оинҳоро нақз накардааст. "Ин ҷашни зодрӯз дар яке аз тарабхонаҳои хурди шаҳри Душанбе баргузор шуд ва як ҷашни хонаводагӣ буд",-афзуд ӯ.
Ин сарояндаи маъруф мегӯяд, “дар тарабхонае, ки мо ҷашн гирифтем, муштариёни дигар низ буданд. Аз комиссия оид ба танзими расму оин касе омада набуд. Бинобар ин, хабарҳо дар бораи ҷаримабандӣ шудани ман асос надоранд, ҳамаш сад фоиз аст.”
Ин дар ҳолест, ки масъулини Комиссияи танзими расму оин дар суҳбат бо баъзе аз хабаргузориҳо гуфтаанд, Қосимова зимни таҷлили мавлудаш қонун дар бораи танзими расму оинро нақз кардааст, ки он аз 4 то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима дар пай дорад.
Қонун дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шудааст, ки тибқи он таҷлили рӯзи мавлуд танҳо дар доираи аҳли оила иҷозат дода шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |