“Сарватмандони мо ба ҷои осоишгоҳ "дача" месозанд”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 26-уми апрел, зимни ироаи паём ба парлумон изҳор дошт, ки имкониятҳои сайёҳӣ дар кишвар пурра истифода намешаванд.
Ӯ аз ҷумла гуфт, зимни сафарҳояш бахши туристии чанд кишварро таҳлил карда, ба хулосае омадааст, ки дар сурати рушди инфрасохтор Тоҷикистон метавонад аз сайёҳон даромади ҳангуфт гирад.
“Ҳамасола ба Туркия 27-28 миллион сайёҳ ворид мешавад. Дар Белгия агар аҳолӣ 11 миллион бошад, сайёҳон 12 миллион ҳар сол ворид мешаванд. Аммо мо Варзобро минтақаи сайёҳӣ эълон кардем. Тавонмандони мо чӣ кор карданд? Касе имкон дошт, барои худ "дача" сохт, на осоишгоҳ. Фаҳмиши мо ин ҳамин қадар аст”,-афзуд ӯ.
Раисиҷумҳур таъкид кард, барои рушди сайёҳию соҳибкорӣ бояд талошҳо бештар гарданд. Аз ҷумла, Кодекси андозро зикр карда, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бо вуҷуди аз 24 ба 10 намуд кам кардани андозҳо бояд талошҳо барои такмили ин ҳуҷҷат кам нагарданд ва пешрафти кишвар таъмин гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |