Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ мавриди ғоратгарӣ қарор гирифтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, нимаи дуюми рӯзи 8-уми июл, шахси номаълум вориди бино гашта 30-метр сими медӣ, ки вазнаш 3 кг 250 граммро ташкил медод, ба яғмо бурдааст. Маблағи умумии симҳои дузидашуда 1500 сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ Далер Саидови 31- сола, сокини кӯчаи Афзалии пойтахт, ки дар ягон ҷо кор намекунад, боздошт гардидааст. Дастгиршуда қаблан бо моддаи 244-и кодекси ҷиноӣ суд шуда буд, алъон тафтиши қазияи ӯ идома дорад. {jathumbnail off}
Мӯҳр