Бахшҳо

Ду Далери овозхон тоҷикистониҳоро "сироят" карданд (ВИДЕО)

Далер Хонзода ва Далер Аметист, ки дар Узбакистон ҳазорон нафарро ба вируси “Саҳромания” олуда кардаанд, ахиран тавонистанд, садҳо тоҷикистониро ҳам сироят созанд. Таронаи нави ду Далер бо забони ноби тоҷикӣ иҷро шуда ва шӯреро дар қалби дӯстдорони мусиқии тоҷик барангехт.

Клипи таронаи “Ёд кардам” аз гуруҳи “Саҳро” дар як фурсати кӯтоҳ миёни тоҷикон ба як навори сербинанда дар интернет мубаддал шуд. Ин таронаи комилан тоҷикӣ бо омезиши нозукиҳои жанри поп ва рэп иҷро гардидааст.

Бархе шарҳнависон зери навори клип дар интернет мавзӯи тоҷик ё узбак будани овозхонҳоро ба баҳс кашидаанд. Гуруҳе навишта, ки онҳо аз Самарқанд ҳастанд. Дар бархе таронаҳои гуруҳ низ аз Самарқанд зиёд ном бурда мешавад. Барои мисол, дар таронаи «Саломалайкум жоним», ки бо узбакӣ хондаанд, «чашмони туро садқа шавам меҳрубони самарқандии ман» мегӯянд.

Дар саҳифаи расмии гуруҳи «Саҳро» дар Твиттер низ нафаре навишта, ки клип дар Самарқанд наворбардорӣ шудааст. Бегиша Исоева, як рӯзноманигори самарқандӣ, дар сомонаи расмии гуруҳ дар мавриди клипи «Ёд кардам» матлабе навишта, муаллифони онҳоро зодаи Самарқанд гуфтааст. Аммо дар саҳифаи расмии гуруҳи «Саҳро» зодгоҳи Далер Хонзода шаҳри Регар ва ҷои таваллуди Далер Аметист шаҳри Уч-қудуқ гуфта шудааст. Ҳарду Далер Назаров, Рэй Чарлз ва Майкл Ҷексонро аз сарояндаҳои дӯстдоштаи худ гуфтаанд.



Ҳамаи таронаҳои “Саҳро” мисли «Ёд кардам» бо омезиши ду жанр-поп ва рэп иҷро шудаанд. Далер Хонзода дар хондани таронаҳои эстрадӣ ва Далер Аметист, ки бо тахаллуси «Dolar-D» маъруф аст, дар иҷрои рэп моҳиранд. Бештари онҳое, ки сурудҳои «Саҳро»-ро шунидаанд ба садо ва ҳирфаияти онҳо баҳои баланд додаанд.

Бахши аъзами таронаҳои «Саҳро» бо забони русӣ иҷро шудаанд, ки «Без меня», «Разлука» ва «Одинок» аз маъруфтарини онҳост. Гуруҳ чанд таронаи узбакӣ ва чанд таронаи гуногунзабон ҳам дорад. Бо ин ҳама, «Ёд кардам» ягона суруди тоҷикии онҳо набуда, таронаеро ҳамроҳ бо Master Ismail (Мастер Исмайл), аз рэпсароёни маъруфи Тоҷикистон хондааст. Ин тарона бо тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ иҷро шуда ва номи Самарқанду Душанбе гирифта мешавад.

Баъзе мунаққидони мусиқӣ далели бо забони тоҷикӣ кам иҷро кардани сурудҳо аз ҷониби гуруҳи «Саҳро»-ро ба фазои Узбакистон марбут медонанд. Ба қавли онҳо дар сурати бо забони модарӣ хондани таронаҳо хонандаҳои тоҷикзабон бо фишорҳои мустақиму ғайримустақим рӯ ба рӯ шуда, наметавонанд рушд намоянд, чун дари радиову телевизион барояшон баста мегардад.
Бо ин вуҷуд, бархе сарояндаҳои узбак ба таронаҳои тоҷикӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Барои мисол Юлдуз Усмонова даҳҳо таронаи тоҷикӣ суруда ва ҳатто маҷмӯи таронаҳоеро бо тоҷикӣ иҷро кардааст.

Клипи «Ёд кардам»-и гуруҳи «Саҳро» дар сатҳи ҳирфаӣ таҳия шудааст. Дар саҳифаи расмии гуруҳ бештари онҳое, ки клипро тамошо кардаанд, навиштаанд, яке аз беҳтарин корҳои гуруҳ ҳамин буда. Бино ба иттилои сомонаҳои марбут ба шоу-бизнеси Узбакистон муаррифии клипи «Ёд кардам» аз тариқи тамоми шабакаҳои телевизионии Узбакистон сурат гирифтааст.
Бегиша Исоева менависад, таронаи нави гуруҳи «Саҳро»-ро имрӯзҳо аз ҳама ҷо шунидан мумкин аст: шурӯъ аз манзил то мошину клуб ва телефонҳо. «Радиоҳо моломоли дархости шунавандаҳо шудааст. Ҷавонон ба оҳистагӣ, аммо бо қатъият олудаи вируси «Саҳромания» мешаванд»,-менависад ин журналисти узбакистонӣ.

Гуфта мешаввад, «Саҳро» ба оҳистагӣ шомили раддаи аввали маҳбубтарин овозхонҳои Узбакистон мешавад. Барномаҳои консертии он моломоли тамошобин аст. Консерти охирини он дар «Амфитеатр»-и Бухоро, ки ба сурати зинда ё бидуни фонограмма сурат гирифт, наздики 2000 тамошобин доштааст. «Саҳро» соли сипаришуда яке аз ҷоизаи «Беҳтарин гуруҳи сол»-и M&TVA-2012, яке аз маъруфтарин маросими ҷоизасупории Узбакистонро ба худ ихтисос дод. Ва Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури Узбакистон бо намояндагӣ аз Фонди Форум ба онҳо дар ҳаҷми 8 миллион сумми узбакӣ ҷоизаи пулӣ тақдим кард.
Мӯҳр
Комрон
Матлаб бехтарин, вале мутаасифона клипро дида натавонистам, ки дар бораи ин тарона ибори икида менамяом. Дар мавриди сарояндаи узбак Юлдуз Усмонова бошад хаминро гуфтаниям чанд таронаи точикиашро бо махорати хоссае ичро намудааст. Таронаи "Биё чонам", ки ба калами бонуи эчодкор Оффок ва таронаи "Ошнои гумшуда", ки ба калами эчодкори хушсаликаи точик Орзу Исоев таалук дорад хело хам шунидани аст. Юлдуз У. солиёни зиёдест, ки таронахои точикиро ба махорати хоссае ичро мекунад, "Фарида", "Бирав", "Намекуни","ёр-ёр","Ох дилам","Хоки поят","Аламе дил","Мебаричон","Ман масту ту девона","Намедонам", "Бале, бале", "чаро.." ба он мисол буда метавонад. Хонум Юлдуз дар водии Фаргона тавлид ёфтааст ва ба гуфти бархе нафарон ба точикон пайвастагии хоссае дорад (риштаи хешутабори дорад) дар бештари консертхояш хам номи точикиро бо ифтихор ба забон мегираду таронахои точиконаро бо хохиши зиёде месарояд. Боки сарбаланд бошед!!!!

Матлаб бехтарин, вале мутаасифона клипро дида натавонистам, ки дар бораи ин тарона иборзи икида намяом. Дар мавриди сарояндаи узбак Юлдуз Усмонова бошад хаминро гуфтаниям чанд таронаи точикиашро бо махорати хоссае ичро намудааст. Таронаи "Биё чонам", ки ба калами бонуи эчодкори точик Оффок ва таронаи "Ошнои гумшуда", ки ба калами эчодкори хушсаликаи точик Орзу Исоев таалук дорад хело хам шунидани аст. Юлдуз У. солиёни зиёдест, ки таронахои точикиро бо махорати хоссае ичро мекунад, "Фарида", "Бирав", "Намекуни","ёр-ёр","Ох дилам","Хоки поят","Аламе дил","Мебаричон","Ман масту ту девона","Намедонам", "Бале, бале", "чаро.." ба он мисол буда метавонад. Хонум Юлдуз дар водии Фаргона тавлид ёфтааст ва ба гуфти бархе нафарон ба точикон пайвастагии хоссае дорад (риштаи хешутабори дорад) дар бештари консертхояш хам номи точикро бо ифтихор ба забон мегираду таронахои точиконаро бо хохиши зиёде месарояд. Боки сарбаланд бошед!!!!
(Илтимос номаи дуюмамро нашр кунед , якумаш каме галат аст)

Ы
Таронаи Самарканду Душанберо аз кучо ёбем?

Shoh
Behtarin, tashakkur duston!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)