Мақомоти Қирғизистон: Талбандаҳо аз Тоҷикистону Узбакистон боздошт шуданд
Дар Қирғизистон як гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистонро боздошт намудаанд, ки бо тифлони хурдсоли худ ба талбандагӣ машғул буданд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Бишкек, пойтахти Қирғизистон, мегӯяд, рӯзи 24 ва 25-уми апрел ба хотири коҳиш додани мизони қонуншиканӣ миёни наврасон аз ҷониби мақомоти пулиси қирғиз рейд гузаронда шуд, ки дар рафти он се “зани тоҷик”-ро боздошт кардаанд.
Ин се зан яке бо набераи 10-сола ва дигаре бо тифли тақрибан 10-моҳаи худ машғул ба талбандагӣ будаанд. Инчунин се тани дигар аз шаҳрвандони Узбакистон боздошт шудаанд, ки яке аз онҳо маъюби дараҷаи аввал буда, бо фарзанди 10-солааш гадоӣ мекардааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон ҳоло дар идораи пулиси шаҳри Бишкек қарор дошта, баъд аз омода шудани асноди зарурӣ аз Қирғизистон ба ватанашон ихроҷ хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |