Амрико латту кӯби Муҳаммадалии Ҳайитро маҳкум кард
Сафорати Амрико дар Душанбе бо пахши як изҳорот латту кӯби Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ-ро маҳкум карда, аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, қазияро мушикофона таҳқиқ намояд.
Дар изҳороти сафорат, ки имрӯз, 25-уми апрел пахш гардидааст, муҷозоти ҳар чи зудтари дастандаркорони ин ҳамла муҳим арзёбӣ шудааст.
Муҳаммадалии Ҳайит, муовини райиси ҲНИТ, шаби 19-уми апрел дар даромадгоҳи манзили зисташ дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта ва ҳоло дар беморхонаи Қарияи Боло бистарист. Ӯ дар суҳбат ба "Озодагон" гуфт, ҳоло вазъаш каме беҳтар шудааст. Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита ба латту кӯби муовини раиси ҲНИТ ин ниҳод парванда боз карда ва таҳқиқи қазия идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |