Эътирози вакилони мудофеи Димону Шерик дар толори Додгоҳи Олӣ

Додгоҳи Олии Тоҷикистон дархости вакилони мудофеи Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров, ду сокини шаҳри Хоруғро дар мавриди шоҳидӣ додани Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон дар мурофиа рад кардааст.
Дар ин бора рӯзи 25-уми апрел, ба хабаргузории “Озодагон” Файзи Олӣ, яке аз вакилони мудофеи Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров хабар дод.
Файзи Олӣ афзуд, ки “раиси вилояти Бадахшон, Қодири Қосим, ки ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аст, барои шунидани пайёми имсолаи прездент ба Душанбе омадааст ва мо хостем пеш аз пайём, Қодири Қосим, имрӯз, 25-уми феврал ба додгоҳ даъват шавад. Хостем мавқеи раиси вилоятро оид ба вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ дар хусуси амалиёти низомӣ дар Хоруғ, ки моҳи июли соли 2012 гузашт, фаҳмем.”
Аммо раисикунандаи додгоҳ ин дархости вакилонро рад кардааст ва Файзи Олӣ мегӯяд, бо нишони эътироз аз ин қарор онҳо толори додгоҳро тарк кардаанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров, ду сокини Хоруғро, ки дар ҷиноёти вазнине амсоли «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ», «бетартибиҳои оммавӣ», ва «истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат» айбдор мешаванд паси дарҳои баста идома медиҳад. Ба гуфтаи вакилони мудофеъ дар ин парванда 61 ҷабрдида ва 12 шоҳид пурсида мешавад. Ба сифати ҷабрдидагон дар ин парванда онҳое шинохта шудаанд, ки дар амалиёти моҳи июни соли гузашта дар Хоруғ ярадор гардидаанд. Инчунин хешовандони 17 нафар низомиёне, ки тобистони соли гузашта ба ҳалокат расидаанд, ҷабрдида шинохта шудаанд.”
Димон Ашӯров, яке аз афроди наздик ба Имомназар Имомназаров, собиқ пешвои ғайрирасмии Бадахшон арзёбӣ мешавад, ки тобистони соли гузашта, зимни амалиёти мақомоти қудратӣ дар Хоруғ боздошт гардид. Мавсуф бо гумони қаллобӣ боздошт шуда буд, аммо аз ошёнаи дуюми бинои Раёсати корҳои дохилии вилоят худро партофта, ба беморхона афтид. Моҳи ноябри соли гузашта аз беморхона дар Хоруғ фирор карда, барои табобати пойҳояш ба шаҳри Урумчии Чин рафта буд. Аммо тибқи созишномаи Тоҷикистону Чин моҳи январи соли равон ба Душанбе истирдод шуда то ин муддат дар боздошгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ қарор дорад.
Шерик Карамхудоев, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 24 июл, дар ҷараёни амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар маркази Бадахшон боздошт шуда буд. Баъди боздошти Карамхудоев, Шерхон Салимзода, додситони куллӣ Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, “вақте Карамхудоев дастгир карда шуд аз ӯ як автомат, як граната, ду магазин бо тирҳояш мусодира карда шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |