Нурсултон Назарбоев: Ҳамкорӣ бо рӯҳониёни мусулмон дар мубориза бо гуруҳҳои ифротгаро муҳим аст
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳурии Қазоқистон ҳамкорӣ бо рӯҳониёни мусулмонро дар мубориза бо гуруҳҳои ифротгаро муҳим хондааст.
Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, Нурсултон Назарбоев зимни як суханронӣ саҳми рӯҳониёни исломиро дар мубориза алайҳи ҷилавгирии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротии мазҳабӣ муҳим арзёбӣ намуда, аз масъулони кишвараш хостааст, бо онҳо ҳамкории зич дошта бошанд.
Ба гуфтаи Назарбоев, низоми сиёсии дунявӣ ба маънои динситезӣ набуда, балки барои ҳамкорию муносибат бо дин ва ҳифзи фазои мусолиматомез миёни пайравони Ислому соири адён дар ҷомеа мебошад.
Раисиҷумҳури Қазоқистон афзудааст, рӯҳониёни исломӣ масъулияти душвореро бар дӯш доранд, онҳо бояд аз гароиши насли ҷавон ба гуруҳҳои ифротии мазҳабӣ ҷилавгирӣ ва барои ҳифзи суннату одоби динии мардуми Қазоқистон талош намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |