Имрўз дар вазорати энергетика ва саноати кишвар мулоқоти Гул Шералӣ бо Бандар Муҳаммад Ҷамил, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба иттиллои маркази матботии ин вазорат, зимни вохўрӣ Гул Шералӣ оид ба соҳаҳои гуногуни саноат ва энергетикаи ҷумҳурӣ, аз қабили нафту газ, коркарди пашму пӯст, меваю сабзавот ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои ҳар ду кишвар ибрози назар кард. Ҷаноби сафир барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетикаю саноати Тоҷикистон омодагии ҷониби Арабистони Саудиро мувофиқи мақсад ва талаби давр унвон кард, афзуд манбаъ. {jathumbnail off}
Мӯҳр