Гулнора дигар намояндаи Узбакистон дар СММ нест
Дар сомонаи Вазорати умури хориҷии Узбакистон исми духтари раисиҷумҳури ин кишвар, ҳамчун намояндаи доимӣ дар шӯъбаи СММ дар Женева навишта нашудааст.
Аз он ки дар ин вазифа ному насаби нафари дигаре ҳам нест, тахмин меравад, ҳоло ин маснад холӣ аст. Вазорати умури хориҷии Узбакистон шарҳ надода, ки вазифаи намояндаи доимӣ дар назди СММ аз кадом вақт холӣ мондааст. Авохири моҳи март Гулнора Каримова ба сифати намояндаи доимии Узбакистон дар Женева фаъолият дошт.
Духтари президент аз сентябри соли 2008 намояндаи доимии Узбакистон дар назди СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ таъин шуд. Соли 2010 курсии сафири Узбакистон дар Испанияро ҳам ба худ ихтисос дод ва аммо оғози моҳи июли соли 2012 онро канор гузошт.
Имрӯз, 24-уми апрел дар Женеве ҷаласаи гуруҳи кории шӯрои СММ ба кори худ оғоз кард. Узбакистонро дар он раҳбари Маркази ҳуқуқи инсон Акмал Саидов намояндагӣ дорад.
Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов, президенти Узбакистон аст. Бештари коршиносон мегӯянд, маҳз Гулнора курсии падарро соҳиб мешавад. Моҳи марти соли ҷорӣ нашрияи маъруфи «Financial Times»-и Бритониё низ навишт, ки эҳтимол Гулнора Каримова ҷойгузини падар мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |