Қазоқистон воридоти мошинҳои куҳнаро манъ мекунад
Мақомоти Қазоқистон мехоҳад, воридоти мошинҳои кӯҳнаро ба қаламрави ин кишвар манъ намояд.
Тавре расонаҳои қазоқӣ иттилоъ медиҳанд, мақомот мехоҳад шуруъ аз 1-уми июли соли равон дар робита ба ҷорӣ намудани меъёрҳои нави экологӣ ва гузаштан ба стандарти "Евро-4" воридоти мошинҳои соли бароришашон аз 2005 пешро манъ кунад.
Ин дар ҳолест, ки Александр Волошин, директори Ҷамъияти мусоидат ба ронандагон дар шаҳри Алма-Ато мегӯяд, роҳи ҳалли мушкилоти экологии Қазоқистон ин танҳо манъ намудани воридоти мошинҳои кӯҳна нест ва пеш аз ҳама бояд ба сифати сӯзишворие аҳамият дод, ки ҳамарӯза дар ин мошинҳо истифода мешавад.
Ба гуфтаи директори Ҷамъияти мусоидат ба ронандагон дар шаҳри Алма-Ато ин иқдоми мақомоти Қазоқистон дар робита ба манъи воридоти мошинҳои кӯҳна бори аввал набуда, дар соли 2011 низ гирифта шуда буд: “Аммо ин гуна қарорҳо на ҳамеша аз тарафи кормандони гумруки қазоқ риоя карда мешавад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |